Main menu

Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз дар 3- моҳаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо дар семоҳаи дуюми соли 2018

Дар санаи 9 апрели  соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги  ноҳия бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ,  раисони маҳаллаҳо, имомони масҷидҳо, соҳибкорон, роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии қаламрави ноҳия ҷаласа «Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз дар 3- моҳаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо дар семоҳаи дуюми соли 2018» баргузор гардид.

Пас аз ифтитоҳи ҷаласа аз ҷониби раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон  муовини раиси ноҳия М.Баротов, Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Д.Нишонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия  С. Лоиқов дар назди ҳозирон бо ҳисобот баромад карданд.

Дар ҳисоботи баромадкунандагон  натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҳама соҳаҳои ноҳия мавриди баррасию таҳлил қарор дода шуда, дар фароварди ҳар як баромад  раиси ноҳия вобаста ба камбудию нуқсонҳои  дар соҳаҳои гуногуни ноҳия ҷой дошта аз маърӯзачиён  пурсиш намуд.

 Дар рафти  ҷаласа раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода аз ҷой доштани камбудиҳо  дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, марказҳои минтақавии соҳаи ҳифзи сиҳати аҳолӣ, кишоварзӣ, сохтмону иҷтимоиёт, хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаъолияти бонкҳо,корҳои ободонию бунёдкорӣ, фаъолияти масъулони   ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ғайра, ки  монеи рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни ноҳия гардидаанд, изҳори нигаронӣ намуда, барои   рафъу бартарафсозии  онҳо  тавсияву дастурҳои мушаххас  ироа кард.

IMG_9071.JPGДар  ҷаласаи мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати кишоваврзии   вилояти Хатлон М.Сироҷов  иштирок  намуда, баромад кард.

Дар охир бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои ироагардида қарори дахдор қабул карда шуд.

«Субҳи Шаҳритуз»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз