Main menu

МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР ШИНОХТИ ЧИНГИЗ АЙТМАТОВ

Устод Мирзо Турсунзодаро ба унвони шоири тавоно, ходими бузурги ҷамъиятӣ ва қосиду вассофи сулҳу дӯстӣ мешиносем. Устод солҳои зиёде дар Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо ва Кумитаи мукофотҳои Ленинӣ ва давлатӣ дар соҳаи адабиёт фаъолият намудааст. Дар давоми умри пурбаракати хеш Мирзо Турсунзода, бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳе, ки дар фазои фарҳангии собиқ ИҶШС доштааст, бо шахсиятҳои сиёсӣ ва илмию адабии бисёре муносибати эҷодӣ ва дӯстӣ доштааст, ки нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Чингиз Айтматов дар миёни хонандагони тоҷик маҳбубият ва шуҳрати вижа дошта, дӯстдорони каломи ӯ кам нестанд. Перомуни сабку услуб, шахсияти эҷодӣ ва паҳлуҳои гуногуни осори пурқимати адабию публисистии ў дар адабиёт­шиносии тоҷик мақолаву таҳқиқотҳои зиёд анҷом пазируфта­анд, ки дар муаррифии шахсияти адабии нависанда ва асарҳои ӯ хостаҳои муроҷиинро қонеъ намуда, ҷанбаҳои ҳунарии нависанда­гии ўро муаррифӣ менамоянд. Ҳамчунин, дар хусуси масоили муносибатҳои адабӣ ва ҳамкориҳои ҷамъиятии нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов бо як зумра адибону олимони тоҷик, ба монанди Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ, Ҷалол Икромӣ, Юсуф Акобиров, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Гулрухсор Сафиева, Акбар Турсун, Мирсаид Миршакар ва дигарон низ баҳсҳо сурат гирифтааст.

Ин ҳусни таваҷҷуҳ дуҷониба буда, Чингиз Айтматов низ ба адабиёти халқи тоҷик ва намояндагони илму фарҳанги мо муносибати самимонае доштааст. Аз ҷумла, адиб дар бораи устод Садриддин Айнӣ ва шоири шинохта Мирзо Турсунзода бархе мақолаву ёддоштҳо нигоштааст, аз ҷумла «Ду устод» («Два устода (Айнӣ ва Авезов)» («Садои Шарқ»), сухани табрикотии адиб дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (соли 1971 ба ифтихори 60-солагии Мирзо Турсунзода), бахшида ба 90-солагии устод Айнӣ – «Гуфтор дар шаъни Айнӣ» (соли 1978 дар рӯзномаи «Коммунисти Қурғонтеппа»), мақолаи «Сарзамини шеъру адаб» (соли 1980 дар «Садои Шарқ») ва хотираю муҳаббатномаи ӯ таҳти унвони «Инсони беназир» («Садои Шарқ» соли 198)1 нашр гардидаанд. Мақолаи «Инсони беназир», баъдан аз ҷониби Хуршеда Отахонова дар маҷмуаи «Васлгари дилҳо», ки ба муносибати 70-солагии зодрўзи Мирзо Турсунзода ба табъ расида буд, ҷой дода шудааст.

Дар ин мақола Чингиз Айтматов перомуни шахсияти адабӣ ва паҳлуҳои гуногуни хислатҳои ҳамидаи шоири бузурги тоҷик, вассофи сулҳу дўстӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон – Мирзо Турсунзода ёддоштҳои бисёр муҳим ва дорои аҳаммияти бузурги илмию адабиро иброз доштааст, ки дар шинохт ва омўхтани чеҳраи адабӣ ва шоир барои насли кунунӣ ва ояндаи тоҷик маъхази бебаҳоест.

Табиист, ки миёни ин ду чеҳраи бузурги садаи ХХ – шоири бузургу маҳбуб, «инсони беназир» (таъбир аз Чингиз Айтматов) ва нависандаи соҳибистеъдод ва машҳури қирғиз «Чингизи мо» (таъбир аз Мирзо Турсунзода) дўстию рафоқати самимона ва эҳтироми хоссе мавҷуд будааст, ки барои нигоштани чунин хотираю муҳаббатномаи пурарзиш замина гузоштаанд.

Чингиз Айтматов ёддоштҳояи хешро аз шабнишиние, ки дар Тошканд, дар хонаи шоир Ғафур Ғулом баргузор гардида будааст, оғоз мекунад. Нависандаи ҷавон бори нахуст адибони машҳури Иттиҳоди Шуравиро дар ҳолати табиӣ ва фориғ аз расмиёт дар он шабнишинӣ мебинад, ки ин фазо ба ӯ таассуроти амиқе бахшида, рӯйдоди фараҳбахше низ будааст.

Мирзо Турсунзода солҳои зиёд раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва дар ин муддат бисёре аз шоирон ва нависандагони навқаламро пуштибонию дастгирӣ намудааст, ки ин хидмати беназирест ба адабиёти тоҷик ва дар маҷмуъ барои миллати тоҷик. Ҳамчунин, ин амр аз он шаҳодат медиҳад, ки Мирзо Турсунзода дорои хислатҳои олии инсонӣ, хайрхоҳӣ, дилу нияти пок ва олиҳиматӣ будааст. Ҳамин вижагии хислати шоир – дастгирӣ ва ёрмандӣ аз адибони ҷавону навқаламро Чингиз Айтматов дар симои хеш эҳсос намуда, чунин ба ёд овардааст: «Ба хотир дорам, ки Мирзо Турсунзода дар он шаб чандин бор ба ман таваҷҷуҳ ва илтифот карда, гуфт, ки дар байни мо нависандаи ҷавоне ҳузур дорад, ки аз он умедҳои калон чашм дошта метавонем».

Устод Мирзо Турсунзода донандаи хуби таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ буд ва таъсири онро дар осори шоир бахубӣ мушоҳида менамоем. Мирзо Турсунзода дар марҳалаи аввали шоириашон баъзан ба сабку услуби классикӣ шеърҳои тақлидӣ низ эҷод намудаанд, ки онро худи шоир низ эътироф кардаанд: «… Ин шеъри тақлидист, дар солҳои ҷавонӣ ба ғазалсароёни гузашта пайравӣ карда навиштаам:

 

Қадат он қадр, ҷонон, лаҳзаи рафтор мезебад,

Ки баҳри пойандозат фақат гулзор мезебад.

Ту механдию гул сад бор мегардад фидои ту,

Ту лаб во мекунию лаъл миннатдор мезабад».

 

Вале баъдан Мирзо Турсунзода сабку услуби худро пайдо намуд, махсусан дар ашъори ғиноии ӯ образҳо ва сужаҳои наву тоза пайдо шуданд, ки шоирро маҳбубу машҳур гардониданд. Ҳамин таҷрибаи хешро ба инобат гирифта, устод ҳамеша ба шоирони навқаламу ҷавон маслиҳат медодаанд, ки ба тақлиди кўр-кўрона дода нашуда, аз адабиёти бойю ғании классикии форсу тоҷик баҳра бардошта, ашъори хешро обуранги бадеӣ дода, музайян созанд. Ба ҳамин нукта дар ёддошти Чингиз Айтматов чунин ишора шудааст: «Ў борҳо дар баромадҳояш, дар суҳбатҳояш бо ман гуфта буд, ки баъзе шоирони ҷавон дар бораи назми гузаштагон ё тасаввури мубҳам доранд, ё ин ки шаъшааи азамати онҳо пеши чашмонашонро гирифтааст ва бинобар ин ба классикон соф шогирдона тақлид мекунанд. Мирзо Турсунзода устоди бузург ва моҳире буд ва чӣ будани тақлиди кўр-кўронаро, ба тарз ва услуби гузаштагон мутобиқ кунонидани назми ҳозираро нағз медонист».

Аз ёддоштҳои Чингиз Айтматов бармояд, ки устод Мирзо Турсунзода солҳои фаъолияташон дар Кумитаи мукофотҳои Ленинӣ ва давлатӣ дар соҳаи адабиёт ҳеҷ гоҳ аз мавқеи худ сўиистифода накарда, ҳамеша кўшиш менамудааст, ки беадолатиҳо ба амал наоянд ва шахсони арзанда сазовори ин мукофоти олӣ дониста шаванд: «Мирзо Турсунзода дар Комитети мукофотҳои Ленинӣ ва давлатӣ эҳтироми басо зиёде дошт, вале вай аз ин мавқеи худ ҳаргиз сўиистифода намекард, фикри худашро ба дигарон ҳатман қабул кунониданӣ намешуд. Аммо, вақте ки баромада фикр баён кардан, ақидаи худро ба миён ниҳодан, ба таклифе ислоҳ дароварданро лозим медонист ва баҳо додан ба он ё ин асар, хусусан асарҳои манзум ва драматургия лозим меомад, сухани вай вазни махсусе дошт».

Дар бораи хислатҳои наку, табиати нарм ва одобу рафтори устод Мирзо Турсунзода бисёр гуфтаанд ва навиштаанд, дар ҳамин радиф Чингиз Айтматов чунин ибрози назар намудааст: «Дар айни замон табиати мулоим, лабхандҳои ў ба ҳама маълум аст. Симои вай дар хотирам ҳамин хел нақш бастааст. Вай дар ҳар як мулоқот касро бо рўи кушода ва табассум пешвоз мегирифт».

Чеҳраи кушод ва лаби пурхандаи Мирзо Турсунзода ба инсон боварию тамкинро мебахшидааст, яъне - «ў ба дили кас итминон ва оромии хотир илқо мекард».

Чуноне ки дар фавқ низ зикр кардем, устод Мирзо Турсунзода аз адабиёти оламшумули форсии тоҷикӣ огоҳии зиёд доштанд ва амр на натанҳо дар ашъори шоир таъсир гузоштааст, балки нутқи ӯро низ ҷаззобу муассир гардонида буд. Ҳамин нуктаро Чингиз Айтматов дар ёддошташ нақл намудаст, ки дар шабнишинии мазкур Мирзо Турсунзода бо дониши васеъ ва аз ёд донистани ғазалу порчаҳои шеърӣ аз ашъори классикон аҳли нишастро мафтун ва тасхир кардааст: «Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом дар донистани назми форсӣ гўё ба ҳамдигар мусобиқа доштанд. Онҳо мувофиқи ҳар маврид, дар сари ҳар як гап аз адабиёт мисол меёфтанд, ривояте, ҳикояте ё аз масал нақл мекарданд».

Шоири бузург, вассофи сулҳу дўстӣ – Мирзо Турсунзода ба забони модарии хеш, арҷ ва эҳтироми хоссае доштанд. Дар тамоми мавридҳо устод аввал бо забони модарӣ, яъне бо забони ширину ноби равони тоҷикӣ бо як тарзи фавқулъода зебо ва гўшнавоз шеърҳояшро қироат мекардаанд ва баъд ба забони русӣ: «Ў дар мавридҳои шеър хондан аввал дар забони модарӣ хонда, баъд ба русӣ тарҷума карда додани шеърҳои худро дўст медошт. Ман калимаҳои алоҳида, термин ва баъзе суханҳои дар забонҳоямон умумиро мефаҳмидам ва шеър хондани вай ба ман завқи махсусе мебахшид ва дар бисёр мавридҳо ба ин фикр меомадам, ки шеърҳои вай на фақат ҳиссиётпарвар, балки ба ҳамон андоза хирадомўз низ мебошанд».

Мусаллам аст, ки дар даврони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ миёни кишварҳои бародар даҳаҳо ва рӯзҳои адабиёт баргузор мешуд, ки ба муносибати онҳо дар рўзномаю маҷаллаҳо хабару гузориш ва мақолаю муколамаҳо нашр мегардиданд ва асару китобҳои нависандагону шуарои он кишварҳо тарҷума ва чоп мешуданд. Дар Тоҷикистон низ Даҳаи адабиёти қирғиз чандин маротиба баргузор гардида буд, ҳамчунин дар Қиргизистон низ Даҳаи адабиёти тоҷик. Аз барпо шудани чунин рӯйдоди фарҳангӣ Чингиз Айтматов чунин ёдоварӣ намудааст: «Ман боз ду мавриди мулоқоти худро бо Мирзо ба ёд меорам. Яке дар рўзҳои Даҳаи адабиёти қирғиз дар Тоҷикистон ва дигаре дар Даҳаи адабиёти тоҷик дар Қирғизистон. Мирзо дар фурўдгоҳи Душанбе ҳайати вакилони моро пешвоз гирифт ва баъд аз дар меҳмонхона ҷо ба ҷо шуданамон ба аҳволпурсии мо омад... Ў хеле мехост, ки мо чи хел кишвари зебо будани ин сарзамин ва чи хел одамони дилкушод ва хуб будани ҳамдиёронашро ҳис карда бошем».

Аз фурўдгоҳ шахсан пешвоз гирифтани меҳмонон, баъд аз аҳволи онҳо хабар гирифтан - бори дигар аз хислатҳои волою инсопарваронаи устод Мирзо Турсунзода шаҳодат медиҳад.

Боиси зикр аст, ки Чингиз Айтматов низ дорои чунин хислатҳои бузурги инсонӣ буда, бисёр ҳам шахси хоксор ва заминӣ будааст. Дар робита ба ин масъала донишманд Акбар Турсон, ки аз дўстони наздики нависандаи қиргиз низ будааст, дар яке мусоҳибаҳояш чунин гуфтааст: «Худораҳматӣ шахси ниҳоятдараҷа хоксор буд. Ҳар ду дафъаи ба меҳмонӣ омаданам, худаш баромада пешвоз гирифту худаш бароварда гусел кард».

Чингиз Айтматов худро беҳад хушбахту сарфароз мешуморидааст, ки бо чунин шахсияти бузурге чун устод Мирзо Турсунзода солҳо риштаи дўстиву ҳамкорӣ доштааст. Ӯ боз аз он сарфароз будааст, ки устод Мирзо Турсунзода ўро бо аҳли фазлу адаби тоҷик шахсан шинос менамудааст: «Моро бо муҳаббати зиёд, бо ғамхорӣ ва ифтихор бо ҳамдиёронаш шинос мекард, дар бораи намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти халқи тоҷик гап мезад. Бо ҳамин восита ман бо Муҳаммад Осимӣ ва бо Муъмин ошноӣ пайдо кардам... Ў ба шоира Гулрухсор Сафиева низ баҳои баланд медод. Ў боре Гулрухсорро бо ман шиносонд. Чунон ки ҳоло мебинам, вай дар шахси шоирҳою олимони Тоҷикистон маро бо ҳамдиёрони сазовори худ шинос карда будааст. Ман бо Миршакар ҳам бо воситаи Мирзо шинос шудам».

Ҳар як шоир ва нависанда дорои сабку услуби ба худ хос мебошад ва, ҳамчунин, диққати онҳоро гоҳо бештар ягон мавзуи мушаххасе зиёдтар ҷалб мекунад. Дар бораи  Мирзо Турсунзода ҳаминро метавон гуфт, ки бебаҳс, ў шоири сулҳсаро ва тараннумгари дўстию бародарӣ будааст, вале мавқеъ, озодию комилҳуқуқии занон ва дар радифи мардон кору фаъолият намудани онҳо ва бозтоби симои зан дар ашъори шоир низ ҷойгоҳи вижа дорад. Фарҳанги волои муносибат бо занон ва таваҷҷуҳи махсусе, ки Мирзо Турсунзода ба онҳо доштааст, дар сар то сари каломи шоир мушоҳида мешавад.

Дар ин ҷо мо аз таҳлилу баррасии ашъори шоир, ки ба мавзуи зан – модар бахшида шудааст, худдорӣ намуда, танҳо ба ёддоштҳои адиби бузург Чингиз Айтматов ишора менамоем: «Вақти гап задан дар бораи занон хеле бо назокат буд. Дар ин мавзуъ бо назокати тамом ва бо фасоҳати шоирона гап мезад ва ба тарзи мароқангезе фикр меронд. Ба назарам, ин ҷиҳати сазовори тақдире мебошад. Бисёр занон вайро барои ҳамин парастишкорона ҳурмат мекарданд, ки ў бо суханон, бо муомилаву рафтор ва бо маданияти ботинии худ дар дили онҳо роҳ меёфт ва шўр меангехт».

Дар равобити адабии миллатҳои гуногун тарҷумаи осори бадеӣ нақши муассир дорад. Тарҷумаи бадеӣ асоситарин воситаест, ки миллатҳои гуногун аз адабиёту фарҳанги ҳамдигар баҳра мебаранд. Чингиз Айтматов, ҳамчунин нукоти кулии тарҷумаи осори Мирзо Турсунзодаро ба забони русӣ матраҳ намуда, дар ин замина ҳам андешҳои ҷолиб ва тоза баён намудааст: «Дар бораи назми Мирзо Турсунзода гуфтан мехоҳам, ки на ҳамаи гуфтаҳои вай, чунон ки бояду шояд, тарҷума карда шудаанд. Баъзан дар тарҷумонҳо воситаи ифода камӣ мекунад, онҳо маҳорати кофӣ ва қобилияти даркориро надоранд. Баъзан мотивҳои хеле публисистӣ, соф гражданӣ диққати тарҷумонҳоро ҷалб мекунад. Аммо дар айни замон, тарҷумаҳои хеле мувафақиятнок ҳам ҳастанд, ки шеърияти Мирзоро ба хонандагони соҳиби забонҳои дигар дастрас мегардонанд».

Дар ин хусус бояд зикр намуд, ки мутарҷимини тоҷик низ дар ҷараёни тарҷумаи асарҳои Чингиз Айтматов ба забони тоҷикӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд ва, хушбахтона, ба воситаи онҳо хонандаи тоҷик асарҳои оламшумули Чингиз Айтматов «Ҷамила» (1960), «Роҳи Каҳкашон» (1965), «Рўбарўшавӣ» (1965), «Алвидоъ, Гулсарӣ!» (1978), «Киштии сафед» (1978, 1984), «Дуроҳаи Бўронӣ» (1985), «Нахустин устод» (1988), «Пораабри сафеди Чингизхон» (2004), «Қиёмат» (2006), «Вақте ки кўҳҳо суқут мекунанд» (2009) ва ғайраро мутолиа намудаанд.

Хулоса, Мирзо Турсунзода дар шинохти Чингиз Айтматов донандаи хуби адабиёти оламшумули форсии тоҷикӣ, посдорандаи забони нобу ширин ва шевову равони тоҷикӣ, аслҳои фарҳангию ҳунарӣ, ва урфу одатҳои неки тоҷикӣ будааст, ки маҳз ҳамин унсурҳо ҳамроҳ бо фитрату сиришти азалӣ шахсияти инсонӣ ва эҷодии шоирро шакл додаанд. Аз нигоҳи Чингиз Айтматов устод Мирзо Турсунзода дили поку беолоиш дошта, ростқавлу росткирдор, поквиҷдон, сухандону гушодазабон, дурандешу оянданигар, дастгиру роҳанамо ва ғамхори истеъдодҳои ҷавон буда, дар муносибат ба атрофиён, махсусан занон, рафторҳои хубу родмардона доштааст. Аз ин лиҳоз, маҷмуи хислатҳои мазбур устод Мирзо Турсунзодаро дар тасаввури Чингиз Айтматов ба ҳайси «инсони беназир» (таъбири Чингиз Айтматов) ҷилвагар сохтааст.

Бобоалиева Зебунисо – н.и.ф., дотсент, муовини ректор оид ба тарбияи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода

 

Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”№52 (25167),

11 марти соли 2025

 

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз