Main menu

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо сабаби вазъи мураккаби сиёсӣ-иқтисодии минтақа ва ҷаҳон муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвари мо вусъат ёфтааст.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ бо сабабҳои гуногун ба сар мебаранд, ки  мутаассифона баъзеи онҳо ба таври ғайриқонунӣ вориди кишвар гаштаанд. Қисмати муайяни шаҳрвандони хориҷӣ низоми муқарраргаштаи будубошро дағалона вайрон мекунанд.

Ҳамчунон зимни санҷиш далелҳои зерини халалдор кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардиданд: муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ташвиқу тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ, вайрон кардани талаботи низоми муҳоҷират, доштани шаҳрвандии кишвари сеюм, истифода кардани қаламрави Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ ва монанди инҳо.

Вобаста ба ин, айни ҳол чораҳои аз ҳудуди Тоҷикистон берун кардани онҳо тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада мешавад. Аз ҷумла, аз кишвар хориҷ кардани теъдоди муайяни шаҳрвандони Афғонистон низ сабаб ҳамин мебошад.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз