- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии кӯдакон
Сеш, 06/05/2018 - 14:33
Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва ҷалби аҳли ҷамоатчигии ноҳия ба масъалаҳои марбут ба ноболиғон санаи 1-уми июни соли ҷорӣ чорабинии фарҳанги сиёсӣ дар боғи фарҳангӣ фароғатии ноҳияи Шаҳритуз, бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар назди ҳозирин раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода баромад карда, ҳамаи иштирокчиён бахусус кӯдакони ноҳияро бо Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон самимона шодбош гуфта, барояшон осмони софу иқболи баланд ва зиндагии беҳтаринро орзу намуда, таъкид намуд, кӯдакон ояндаи ҷомеаву давлату миллатанду тарбияву ба камол расонидани онҳо барои волидон, мураббиёну устодон ва аҳли ҷомеа қарзу вазифаи муқаддас ба ҳисоб меравад.
Бахшида ба чорабинии зикргардида намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ихтирооти ҳунармандони ҷавон ба нақша гирифта, ҷиҳати ба ҳаёти солим ҷалб намудани кӯдакон ва дарёфти истеъдодҳои наврас, бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон 1июн аз 24 май то 31 майи соли равон озмунҳои “Рассоми беҳтарин”, “Дастони моҳир” ва “Ихтироъкори беҳтарин” эълон гардида буд. Дар натиҷа ғолиби ҷои аввал муассисаи томактабии №1,ҷои дуввум муассисаи томактабии №5 ва ҷои севвум муассисаи томактабии №3 гардиданд. Ба ғолибони ҷои аввали озмунҳои зикргардида 250 сомонӣ, ба гирандагони ҷойҳои дуюм ва сеюм Ифтихорнома ва туҳфаҳои пулии шуъбаи маорифи ноҳия ба маблағи 150 сомонӣ тақдим гардид.
Инчунин ғолибони синфҳои ибтидоии иддае аз муассисаҳои таълимии ноҳия низ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои идонаи шуъбаи маорифи ноҳия сарафроз гардонида шуданд.
Дар фароварди чорабинии идона ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия Барномаи консертии омодакардаашонро пешкаши ҳамагон намуданд.