- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Натиҷаҳои шашмоҳаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия
Чор, 07/11/2018 - 18:56
Дар санаи 9 июли соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, имомони масҷидҳои панҷвақтаю ҷомеъ, роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии қаламрави ноҳия ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи ноҳия ҷаласа «Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз дар 6- моҳаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо дар семоҳаи дуюми соли 2018» баргузор гардид.
Пас аз ифтитоҳи ҷаласа аз ҷониби раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон муовини аввали раиси ноҳия Д.Нишонзода,муовинони раиси ноҳия М.Баротов, М.Раҷабзода дар назди ҳозирон бо ҳисобот баромад карданд.
Қайд гардид, дар шаш моҳи соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 201 миллиону 298 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116, 4 фоиз зиёд мебошад. Аз рӯи дурнамо дар ин муддат хоҷагиҳои ноҳия дар майдони 1765 га ғалладонагиҳо, аз он ҷумла дар майдони 1439 га гандум, 67 гектар ҷав, 126 га маккаи дон, 100 га шолӣ, 33 га лубиёгиҳо, сабзавот ҳамагӣ дар майдони 1001 га кишт шуда, аз он ҷумла дар майдони 561 га пиёз, 110 га сабзӣ, дигар сабзавот 33 га, дар майдони 200 га картошка, 550 га полезӣ, 20 га офтобпараст, 733 га хӯроки чорво кишт намуданд.
Дар ноҳия ҷамъоварии ҳосил идома дошта, ба миқдори 7767,2 тонна ғалладонагиҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳосилнокии он аз ҳар гектар 50,9 сентнерӣ аз он ҷумла гандум 7338,9 тонна аз як гектар 51 сентнерӣ, 328,3тонна ҷав аз ҳар гектар 49 сентнерӣ, 4046 тонна картошка аз ҳар гектар 202,3 сентнериро ташкил дод. Аз майдони 913 гектар сабзавот ба миқдори 28325 тонна ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳосилнокии сабзавот ба 310,2 сентнерӣ расонида шудааст. Аз майдони 561 гектар ба миқдори 21389 тонна пиёз истеҳсол шудааст, ки ҳосилнокиаш 381 сентнериро ташкил дод. Инчунин 2389 тонна сабзӣ, 2260 тонна помидор, 890 тонна полезӣ, 2332 тонна мевагӣ ва 695 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.
Инчунин зикр гардид, ки қисми даромади буҷети ноҳия 101 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 13 миллиону 616 ҳазору 508 сомонии пешбинишуда 13 миллиону 746 ҳазору 633 сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нақшаи пешбинишуда 130 ҳазору 125 сомонӣ зиёд мебошад. Аз 9 сарчашмаҳои андозситонӣ танҳо як намуди он, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ тааллуқ дорад, иҷро нагардидааст.
Зимни ироаи ҳисобот рушди соҳаи маориф заминаи асосии баланд гардидани сатҳи маърифати ҷавонону наврасон арзёбӣ гардида, қайд карда шуд, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маорифчиёни ноҳия пайваста дар талош мебошанд. Ҷамъбасти соли хониши 2017-2018 нишон дод, ки ҳисоби миёнаи дониши хонандагон 3,5 ва фоизи азхудкунии барномаҳои таълимӣ 96,8%-ро ташкил диҳад ҳам, ин нишондод вобаста ба баланд будани меъёри баҳогузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ муайян гардидааст. Дар соли 2017-2018 аз шумораи умумии хатмкунандагони ноҳия, ки 1861 нафарро ташкил медоданд, 1047 нафар аз он ҷумла 503 нафар ҷавондухтарон тавассути низоми марказонидашудаи тестӣ ба Донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус хуҷҷат супорида, 496 нафар ба муассисаҳои олии касбии кишвар дохил шуда буданд, ки 26,6 фоизро ташкил медод. Аз шумораи умумии хатмкунандагон дар соли сипарӣ гашта 43 нафар ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар, 18 нафар хатмкунандагони синфҳои 11 аз ҷумла 9 нафар духтарон ба воситаи квотаи Президентӣ ва 84 нафар ба дигар коллеҷхои касбии мамлакат дохил шуданд, ки дар маҷмӯъ 34,7 фоизро ташкил медод.
Дар ҳисоботи баромадкунандагон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҳама соҳаҳои ноҳия қайд гардида, ҳамзамон камбудию норасоиҳои ҷойдоштаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Пас аз ироаи ҳисоботи муовинони раиси ноҳия раиси кумитаи замини ноҳия Ҷумаев, сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Шаҳритуз А.Урунов, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия М.Қурбонов, сардори идораи хоҷагии ҷангали ноҳия М.Кабиров , сарагрономи Раёсати кишоварзии ноҳия Т.Раҳматов, сардори нозироти андози ноҳия З.Қодиров, роҳбари КАТС-и ноҳия Ф.Маҳмадиев, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ(ВИЧ СПИД) Т. Ғуломов ва дигарон ба музокира баромада, ҳамзамон вобаста ба камбудию нуқсон ВА масъалаҳои ҳалталаби дар соҳаҳояшон ҷой дошта ба пурсишҳои раиси ноҳия носух доданд. Дар радифи дигарон прокурори ноҳия У.Каримзода низ ибрози андеша намуда, таваҷҷуҳи масъулинро ба қонуншиканӣ дар бобати тақсимоти замин, роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ вобаста ба омода кардани ҳуҷчатгузории қитъаи наздиҳавлигии шаҳрвандон ҷалб намуд.
Дар рафти ҷаласа раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода аз ҷой доштани камбудиҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, марказҳои минтақавии соҳаи ҳифзи сиҳати аҳолӣ, кишоварзӣ, сохтмону иҷтимоиёт, хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаъолияти бонкҳо,корҳои ободонию бунёдкорӣ, фаъолияти масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ғайра, ки монеи рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни ноҳия гардидаанд, изҳори нигаронӣ намуда, барои рафъу бартарафсозии онҳо тавсияву дастурҳои мушаххас ироа кард.
Дар ҷаласаи мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири шуъбаи кадрҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон М.Солеҳзода иштирок намуда, баромад кард.
Дар охир бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои ироагардида қарори дахдор қабул карда шуд.