Main menu

Маҳкум мекунам

Дар санаи 18 июни соли ҷорӣ  тариқи оинаи нилгун  таҳти унвони «Решаҳои  ноаён» навори фавриро тамошо кардаму вуҷудам ба ларза даромад. Дар урфият гуфтаанд, ки себро аз даруни худаш кирм мехӯрад.  Исботи ин ақидаро дар навори ҳуҷҷатии  мазкур  мушоҳида намудам.

Маълум гардид, ки зодаи ноҳияи Ҳисор Саид Қиёмиддини Ғозӣ бо кирдорҳои ҷинояткоронаи худ ба халқу Ватан ва миллати хеш хиёнат намуда, оғоз аз соли 2006 таҳти сарварии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва дигар хоҷагони хориҷии худ бахусус  иддае аз роҳбарияти Ҷумҳурии исломии Эрон  ба тарғибу ташвиқи мазҳаби шиа ва ба ин мазҳаб ҷалб намудани ҳамватанони худ машғул шуда,  назди худ мақсад гузошта буданд, ки дар давоми даҳ сол сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тағйир дода, ҷойи онро ба давлатии исломии шиамазҳаб табдил диҳанд.

Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва дигар ҳаммаслаконаш аз он ҷумла Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, Муҳиддин Кабирӣ ва дигарон  дар такя ба маблағҳои ҳангуфти хоҷагони эрониашон соли 2015 дар кишвари азизамон –Тоҷикистон бо роҳи табаддулоти ҳарбӣ хостанд, нақшаю ниятҳои нопоки онҳоро ҷомаи амал пӯшонида, ба души мардум иҷборан сохти давлатдории бегонаро бор кунанд.  Вале тирашон хок хурд.

Саид Қиёмиддини Ғозӣ тарғибгари вайронкори фиребгар  садҳо одамонро  гумроҳ намуда, солиёни зиёд барои пиёда сохтани ҳадафу мақсадҳои муғризонаю ғосибонаи давлатҳои хориҷӣ аз он ҷумла ҶИЭ хизмати хирсона намуда, билохир хиёнате содир кард нобахшиданӣ. Имрӯз собиқ «генерали мардумӣ», яке аз пешвоёни Майдони шаҳидон аз рафтору кирдори хиёнаткоронаи худ изҳори пушаймонӣ менамояд, вале аз ин пушаймониҳо дигар чӣ суд?

Рафтору кирдору гуфтори чунин гандумнамоҳои ҷавфурӯшро дида, мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, ҳамеша барои ҳимояи Ватан ва марзу буми он аз ҳилаю найрангу ҳуҷумҳои душманони дохиливу хориҷӣ омода бошем. Мо итминони комил дорем, ки чунин хиёнаткорону хиёнатпешагонро на миллат мебахшаду на Ватан ва на Офаридгори ягона.

 

М.Ҳайдарова, мушовири шуъбаи маорифи ноҳия

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз