- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Вокуниш ба намоиши телевизионии “Решаҳои ноаён”
Ҷум, 07/13/2018 - 18:36
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.
Имрӯз олами Ислом бо қатлу куштор, талаву тороҷ, ваҳшату даҳшат гирифтор шуда, минтақаҳои мухталифи оламро мавҷи бесобиқаи терроризм, ифротгароӣ, ихтилоф ва низоъҳо фаро гирифта рақобати геосиёсии абарқудратҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Тоҷикистон, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ҳамеша зидди ҷангу нооромӣ ва ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳама гуна мухолифату низоъҳо мебошад.
Мутаассифона, имрӯз баъзе ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломӣ, аз ҷумла собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо истифода аз номи поки дини Ислом мехоҳанд бори дигар моро ба вартаи ҷудоӣ ва тафриқаандозӣ талқин намоянд.
Ин бори аввал нест, ки мо мушоҳида менамоем бархе аз нафарон ва гурӯҳҳое аз дохил ва беруни кишвар ба эътиқоду эътимоди динии мардум бозӣ мекунанд, садоҳое шунида мешванд, ки гӯё маҳз роҳбарон ва пайравони ҳизбу ҳарактҳои ба ном исломӣ буданд, ки дар барқарорсозии сулҳи тоҷикон саҳмгузорӣ намудаанд. Аммо дар асл масъала тамоман дигар аст. Баъди намоиши филми “Решаҳои ноаён”, эшони Қиёмиддин, ки яке аз саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дониставу шинохта мешуд ва имрӯз гӯё аз кардаи худ пушаймону афсус хурда истодааст дар суханрониаш иброз намуданд, ки шуълаи ин ҷангро ки афрӯхта буд ва бо кадом мақсад, барои ғаразҳои нопоки худ ё хизмат намудан ба хоҷагони хориҷии худ, ки алакай онҳо бо гирифтани маблағҳои калони ҳангуфт мутаҳам гардидаву ба хотири соҳиби давлату савлат гардидан аз дину мазҳаби хеш гузаштаву, талқинагри мазҳаби бегона дар байни мардуми хеш гардида буданд, ки ин гуноҳест нобахшиданӣ. Ба ин восита онҳо ба хотири молу мулк мазҳаби таҳамулпазири Имоми Аъзамро тарк намудаву ба мазҳаби ботилаш ва барои мардуми мо бегона мазҳаби шиа ворид гардида бобову аҷдоди худро ба куфру нифоқ нисбат дода худро поку мусаффо метарошанд.
Фаромӯш набояд кард, ки ба хотири ба даст оаврдани маблағ ё дастрасӣ ба молу амвол аҷдоди гузаштаи худро ба куфру нифоқ нисбат медиҳӣ ту аз роҳи ҳаром ба дунё омадаи ё ба ибораи дигар тибқи шариат, валадзино ҳастӣ. Шумо валадзиноҳое, ки дар ниқоби дини Ислом, Ҳизби наҳзати исломиро таъсис додаву барои соҳиби мансабу молу амвол гардидан кишварро ба вартаи хун кашидаву чӣ қадар оилаҳоро бесаробон, чӣ қадар кудаконро ятим, чӣ қадар ҷавононро ба нестӣ бурдед ва имрӯз пеши миллат ва Худованди бузург аз кардаи худ пушаймон гардидаву бахотири бахшидани гуноҳоятон узрпурсӣ мекунед, боварӣ доред, ки гуноҳи Шумо бахшиданист?,
Ҳаргиз. Шуморо на Худо мебахшад, на миллат.
Беҳуда нагуфтаанд:
Пушаймонӣ надорад суд, охир нағз медонӣ,
Чаро коре кунӣ, ки оқибат орад пушаймонӣ.
Чи тавре, ки аз суханронии шогирди Саид Қиёмиддин Ғозӣ, Солеҳов Қиёмиддин маълум гардид дар тулли чор моҳ дар хонаи эшони Қиёмиддин ба хотири таҳсили илм рафта будам, вале намозхонии эшонро надидам, моро таълимоти шиагароӣ дарс медод, оё ин дину мазҳабфурӯши нест?
Расули Акрам(с) дар ҳадиси мубораки худ мефармоянд, ки
“Дар охирулзамон гурӯҳе пайдо мешаванд, ки наврасида,навҷавон,камақл ва камфаҳманд. Беҳтарин суханҳоро мегӯянд ва Қуръон мехонанд, вале аз гарданашон поёнтар таҷовуз намекунанд. Ба иллати сахтгирӣ ва тундравӣ аз дин хориҷ мешаванд. Ҳамчуноне, ки тир аз камон раҳо мешавад”
Магар Паёмбар (с) моро чнин таълим медоданд?
Магар Паёмбар (с) ояндаи уматони худро дар тафриқаву ихтилоф медиданд?, Дин насиҳат аст, дин тавҳид аст,дин ягонагист. Оё ба тафриқаву ҷудоиандозӣ метавон уммати исломро пеш бурд, Ватанро обод кард?
Имрӯз мову Шуморо зарур аст, ки ба қадри ин неъмати худодод,сулҳу суботу оромӣ, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ба даст овардаем расида аз он бо ҷону номуси худ ҳимоя намоем.
Инчунин Паёмбар (с) мефармоянд
“Дар охири замон якчанд ҳилагар ва дуруғгӯй пайдо мешаванд, ҳадисҳоро ба Шумо нақл мекунанд, ки на Шумо ва на падарону гузаштагонатон онҳоро нашунидаед. Пас ҳушёр бошед ва хештанро аз шари эшон нигоҳ доред, то накунад, ки гумроҳатон намуда, аз дин мунҳарифатон созанд”
Мо бояд донем, ки онҳое, ки имрӯз аз дини мубини Ислом истифода мебаранд ниятҳои нопок дошта, аксаран аз дини Ислом бехабаранд ва аз Ислом ҳамчун ниқоб истифода мебаранд.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат дар баромади худ бо аҳли ҷамоатчигии кишвар 12-уми майи соли 2018 хеле ба маврид таъкид намуданд: “Чунин вазъияти ниҳоят ҳасосу ноороми ҷаҳон мову Шуморо водор месозад, ки нисбат ба пештара зираку ҳушёр бошем , дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон истиқлолияту озодӣ, соҳибватанию, соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем” Мо шаҳрвандони баору номуси кишвар бояд гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатро бо ҷону дил қабул намуда барои муттаҳидии халқу миллат барои барқарории амнияти кишвар, ояндаи дурахшони фарзандони хеш дар гулгулшукуфоии кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошем.
С.Лоиқов,мудири шуъбаи
рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
Дастгоҳи раиси ноҳия
Ҳ.Муродов, Сархатиби Мас-
ҷиди ҷомеи марказии Н.Шаҳритуз