- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Касе, ки дину мазҳабашро фурӯшад, Мапиндор он ки ӯ ватанфурӯш нест.
Чор, 07/18/2018 - 09:44
Сулҳу салоҳ, амну субот барои инсон беҳтарин неъмати бузургест, ки бидуни он ҳаётро тасавур намудан, хушбахтию саодатро дар зиндагӣ пазируфтан, ормонҳоро дар зиндагӣ амалӣ намудан имконпазир аст. Бесабаб нест,ки Оллоҳ таъоло ба сабаби амн қарор гирифтани Макка миннат карда дар сураи Анкабуд ояи 67 мефармояд “Оё надидаанд, ки мо ҳарамӣ бо амн пайдо кардем ва (ҳол он ки) мардуми гирдогирдашон рабуда мешаванд?, Оё чизи беаслро бовар медоранд ва бо неъмати Худованд носипосӣ мекунанд?”
Касе дар кишвар ноили амн гардад ва дар бадан ноили тандурустӣ, чунин кас тамоми дунёро ноил гардидааст, зеро неъмати амн аз дунё ва тамоми дороии он беҳтар аст. Пас чаро имрӯзҳо гуруҳҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ хусусан ташкилотҳое,ки экстремизму терроризмро маблағгузорӣ менамоянд, манзурам Ҳизби Наҳзати Исломӣ ин неъмати бузргро носипосӣ менамояд. Оё онҳо надидаанд,ки худованди бузург мефармояд “Ас-сулҳу хайр”, барои инсоният беҳтарин неъмат ин сулҳ аст.
Ҳақиқатан мардуми баору номус ва шарафманди тоҷик шоҳиди он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат дар иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шурои олӣ, ки ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб гардида буданд қотъиёна ваъда дода буданд, ки то рӯзе, ки як хонаводаи тоҷик берун аз марзи Тоҷикистон аст ман худамро ором ҳис карда наметавонам. Оё ин гуфтаҳоеро, ки саҳифаҳои таърих шоҳиди бевоситаи гуфтаҳои болост инро ҳам гуруҳҳои ифротӣ ё ҳизби мамануъшудаи ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ,ки Пешвои муаззами миллат онҳоро бахшидаю бовар карда чи қадар мансабҳои баландро ба онҳо дода буданд, инкор менамоянд. Рафтори ноодилона ва ғайриинсононаи ин гурӯҳ, ки вақтҳои охир худро ошкор намуданд ба монанди душмане, ки дар камин истодаву аз ҳалимиву хоксорӣ, мардонагиву ҷассурӣ, ки ин ҳама танҳо ба хотири якпарчагии кишвари азиз ва пойдории миллате, ки қариб душманони миллат ба нестияш бурдани буданд шабонарӯз заҳмат кашидааст, Шабохун зананд!
Паёмбар(с) фармудаанд: “Он ки бар мо силоҳкашад аз мо нест ва он ки ба мо хиёнат кунад аз мо нест”, Бедин аст касе, ки паймонро мешиканад, инчунин Худованди бузург дар сураи Нисо ояи 59 мефармояд: “Эй муъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва Паёмбару фармонравоён, ҳакимонро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед.
Фаромӯш набояд кард, ки фитна хоҳ дар дохили кишвар бошад, хоҳ дар берун , неъмати амнро нест мегардонад, ки оқибаташ ҳайёти писандида аз байн рафтану дину диндорӣ аз байн рафтанаст.
Мо мардуми шарифу сарбаланди кишварро зарур аст, ки аз макри ин шайтонҳои лаъин худро дар канор гирифта ба муқобили онҳо муборизаи беамон барем, шиори сарвари меҳрубонамонро, ки ҳамеша моро панд медиҳад “Ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем” ва ба фитнаву дасиса, найрангу ҳиллаҳои гурӯҳҳои ифротию иртиҷоии ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки алакай аз боварии мардум баромадаанд фирефта нашуда ҳама гуна амалҳои ғайриинсононаи онҳоро, ки оқибаташ бесрусомонист, нотенҷию нооромист маҳкум намоем.
С.Лоиқов,мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия
Ҳ.Муродов, Сархатиби Масҷиди ҷомеи марказии Н.Шаҳритуз