Main menu

Дар мадди аввал ҳушёрию зиракии сиёсӣ

            Ба наздикӣ дар толори  маҷлисгоҳи МТМУ-и  №1 бо иштироки раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода, сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Шаҳритуз Қ. Давлатов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия С.Лоиқов, мудири шуъбаи маорифи ноҳия К.Очилдиев, инчунин директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳия ҳамоиш доир гардид.

             Чорабиниро сармуҳаррири рӯзномаи «Субҳи Шаҳритуз» Азизи Фаттоҳ ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик соҳиби неъмати бузург Истиқлолияти давлатӣ гардиданд, вале ҷанги шаҳрвандӣ ба рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ монеа эҷод карда, боиси хонахаробию талафоту хисорот ва сарсониҳои зиёди сокинони ҷумҳурӣ  гардид. Маҳз ба шарофати ҷоннисории фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии ҳамммиллатонамон тоҷикон сарҷамъ ва сулҳу субот барқарор шуда, дар давоми қариб се даҳсола Тоҷикистон на фақат ба ҷанги худкушӣ хотима бахшид, балки дар ҳама самтҳо ба пешравию рушд муваффақ гардид. Ба андешаи мавсуф дар сар задану алангаи ҷанги шаҳрвандӣ дар қатори хоҷагони хориҷӣ  баъзе ҳамдиёрони кӯрнамаку хиёнатпешаи кишвари мо  ҳам даст доштанд, ки  алҳол ба гуноҳҳояшон иқрору аз кардаҳояшон пушаймонанд.  Дар фароварди суханаш А.Фаттоҳ иброз дошт, ки мо ҳама бояд аз  ин бадбахтию нокомиҳои ба сари  миллату   давлат омада, сабақ гирифта, дар оянда зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

           IMG_5280.JPG  Сипас ба иштирокчиёни ҳамоиш навори ҳуҷҷатии «Решаҳои ноаён» пешкаш гардид. Дар навори мазкур ҳамагон  суҳбати  Сайид Қиёмиддин Ғозӣ, яке аз саркардагони ҲНИТ, ҳизберо, ки соли 2015 аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ эълон шудаю фаъолияти он дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон гардида буд, бодиққат тамошо карданд.

            Дар анҷоми намоиш мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритуз Ш. Сайдалиев баромад карда, фикру мулоҳизаҳои худро дар нисбати муҳтавои филми мазкур баён карда, таъкид бар он дошт, ки бояд ба қадри Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бирасем, ҷавононро дар руҳияи хештаншиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намоем ва нагузорем, ки дигар он ҳодисаҳои нангин дар ҷумҳурии азизамон сар зананд.

          Мудири  шуъбаи маорифи ноҳия К.Очилдиев низ изҳори андеша намуда, қайд кард, ки иштирокчиёни ҳамоиш метавонанд бардоштҳои хешро аз тамошои филми  «Решаҳои ноаён» дар шакли мақола навишта, дар саҳифаҳои рӯзномаи ноҳиявӣ ба чоп расонанд.

           Дар охир раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода ба ҳозирин бахусус , аҳли маориф, муроҷиат карда, қайд намуд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки шогирдонашон дар оянда ҳамчун шахсони босаводу бофарҳанг, худшиносу ватандӯст ба воя расида, дар ҳифзу ҳимояи Ватан ва рушди босуботи он аз худ нақши неке ба ёдгор гузоранд.

С.Шамсиддин

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз