- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
ПАРДАИ ДАРИДАИ ҲАЁИ НАҲЗАТИЁН ДАР ДОРТМУНДИ ОЛМОН
Сеш, 07/24/2018 - 16:12
Имрӯз якчанд хоину ватанфурӯш, ки аз ҷавобгариҳои ҷиноятӣ ба хориҷи кишвар гурехта, хиёнатҳои худро ба халқу Ватан бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон таҳти пӯшишҳои сиёсиву мухолифи давлат буданҳо пинҳон намудаанд ва дар тамоми ҷаҳон фаъолияти тахрибкоронаашонро “ҳимояи арзишҳои демукросӣ” муаррифӣ кардан мехоҳанд, дар охир чун диданд макру фиребашон асар накард ва дар ин роҳи бадкорӣ ноком шуданд, ба ҷойи аз халқу давлат узр пурсидан даст ба туҳмату таҳрифкорӣ зада истодаанд. Масалан, ҳамоише, ки гуруҳаке аз хоинони наҳзатӣ дар Дортмунди Олмон ташкил карданду ба қавле аз солгарди сулҳу ваҳдат ҳарф заданд, пур аз таҳрифу таҳқири таърих буд. Дар ин ҳамоиш наҳзатиён пардаи шарму ҳаёро пурра аз рӯи худ канда дур андохтанду, чи қадаре тавонистанд дуруғ гуфтанд, фитна пароканданд ва ба қавли Восифӣ аз даҳонашон “гуҳари беҳад” резонданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин тоифа бо амалҳои хоинонаашон худ сазовори ҳама гуна таҳқир ҳастанд! Туҳмате, ки онҳо дар баромадҳояшон гуфтанду дар сомонаашон нашр карданд, камоли беҳаёӣ ва бетамизиҳояшонро аз суханашон ифшо месозад. Доду вой бардоштаанд, ки кадом як Кабирии бадбахтро намояндаи Тоҷикистон пайгирӣ мекардааст ва далелашон ҳам боиси шармандагии худашон гардид. Кабирӣ ва ҳаммаслокони гумроҳи наҳзатияш дар ин нишаст ҷор заданд, ки “аз сулҳ нишоне намондаас!”. Чунин бархурд маънои онро дорад, ки ин бадбахтон дар орзӯи ҷанг дар Тоҷикистонанд. Вагарна дар Тоҷикистон касе бо касе сари ҷанг надорад. Хушбахтона, он ҷангхоҳону бадхоҳон, ки солҳои навадум Тоҷикистонро ба сарҳади нестӣ расонида, миллати тоҷикро ба арсаи нобудӣ бурда буданд, соли 2015 ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд. Ин гумроҳгаштагон бояд донанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон дигар масъалаи ҷангу сулҳ матраҳ нест! Масъалае, ки имрӯз дар Тоҷикистон матраҳ аст, ин созандагиву ободонии Ватан аст, ин ободиву осудагӣ ва суботу ҳамдилист, ки наҳзатиён ҳеҷ этироф карда наметавонанд ва аз ин мавзӯъ мисли шайтон аз бисмиллоҳ мегурезанд.
Рӯҳи Манделаро наёзоред!
Кабирӣ бешармона наҳзатиёни хоин ва бо ишораи пинҳон худашро ба Нелсон Мандела қиёс мекунад. Ҳол онки агар ба ҳолномаи ин ходими сиёсии африқоӣ шинос шавем ва ба вазъи кунунии давлати Африқои ҷанубӣ назар кунем, на шароиташ ва на бархурдҳои сиёсиаш ба шароити имрӯзаи Тоҷикистон мувофиқат намекунад. Нелсон Манделла ва ҳазорҳо ҳамсолашро, ки хориҷиён дар мактаб базур тағйири ном карда буданд ва ҳатто ба маънои калимаи “Нелсон” сарфаҳм намерафт, барои озод кардани Ватанаш аз хориҷиёну бегонагон мубориза бурд. Аммо ин хоинони наҳзатӣ чи кор карданд?! Баръакси Мандела дар хизмати хоҷагони хориҷӣ истода, хостанд бо қувваи бегонагон ва маблағҳои охундҳои Эрон Тоҷикистонро тасарруф карда, миллатро ғуломи бегонаҳо созанд. Мандела аслан ба муқобили наҳзатимаобони ватани худаш мубориза бурд! Ба қавли мардум, шайтонгарӣ ҳам ҳадду ҳудуд дорад, аммо маълум шуд, ки на барои наҳзатиён. Барои Кабирӣ, ки устоди илми дуруғ ва тақияҳои сиёсӣ гаштааст, сарҳади дурӯғ васеътар аз ҳадди тасаввур мебошад. Агар наҳзатиён каме инсофу адолат медоштанд, лоақал рӯҳи Манделаи африқоиро намеозурданд.
Наҳзатиён на бо як нафар, балки бо истиқлолияти Тоҷикистони ва озодии миллати тоҷик мушкил доранд
Воқеан, дар ин нишаст паҳлуи дигари дурӯғафканиву фитнапарокании наҳзатиён рӯи об баромад. Ҳарчанд Кабирӣ кӯшиш мекунад худро сиёсатмадори навовар нишон диҳад, аммо беҳунарияш боис гардид, ки хоҷагони охундашон роҳбарии наҳзатиёнро аз пушти парда ҳам бошад, мустақиман ба зима гиранд. Имрӯз охундҳои эронӣ онҳоро маҷбур карданд ба стратегияи солҳои навадум баргарданд. Яъне мақсади асосиро пинҳон карда, дар зоҳир бо ҳар гуна ваъдаву ваидҳо нафарони сустиродаро гумроҳ созанд. Яъне боз сар мешавад тақияву тақиябозиҳои сиёсӣ, ки танҳо хоси охундшиаҳои Эрон аст ва дигар тамоми равияҳои ташаюн ба чунин тақиябозиҳо нафрат доранд. Мазмуни тақияи сиёсӣ ин гуфтани сухани дурӯғи ростнамо ба мақсади ба даст овардани имтиёзи сиёсӣ ва гумроҳ кардани оммаи мардум аст. Онҳо ба стратегияи солҳои навадум маҳз аз ҳамин роҳ ворид гашта истодаанд. Манзур ин аст, ки Кабирӣ мегӯяд мо дар Тоҷикистон ба як кас мушкил дорем ва оғушамон ба рӯи дигарон боз аст. Ин айнан мисли гуфтаҳои Нурӣ дар солҳои навадум аст, ки мегуфт мо бо Маҳкамов мушкил дорем на бо халқу ҳукумат. Аммо баъди ба истеъфо рафтани Қаҳҳор Маҳкамов мушкилоти Нурӣ тамом нашуд. Чунки лаҷомаш дар дасти хориҷиён буд. Баъдан мегуфт мо бо Набиев мушкил дорем, Набиев ҳам рафт, аммо мушкили наҳзатиён ҳеҷ не ки ҳал шавад. Ҳатто ҳукумати парлумонӣ ҳам мушкили наҳзатиёнро ҳал карда натавонист. Чунки мушкили онҳо бо озодии миллати тоҷик буд. Хоҷагони хориҷиашон мехостанд бо дасти наҳзатиён бо сӯистифода аз бовариҳои динии мардум миллати тоҷикро дубора ғулом кунанд. Даъвати имрӯзаи наҳзатиён аз олимону равшанфикрон низ аз даъватҳои солҳои навадумашон ҳеҷ фарқ намекунад. Аммо олимону равшанфикрони муосири тоҷик аз таҷрибаи Тоҳири Абдуҷаббор, ки билохира ба наҳзатиёни ба қавли худаш “падарсӯхта” лаънат гуфту рӯ ба давлату ҳукумати конститутсионӣ овард, ибрат гирифтаанд. Шоиронамон аз рӯзгори Бозор Собири шоир, ки замоне бо шеър таблиғашон мекарду билохира тинати нопокашонро дарк карда, бо шеър дар рӯи чунин “таккаришон”-(сухани шоир) туф кард, панди зиндагӣ бардоштанд. Аз рӯзгори сиёсатмадорон ва олимону донишмандони фиреби наҳзатиҳоро дар солҳои навадуму баъдҳо хӯрда садҳо мисолҳо овардан мумкин (Шодмон Юсуф, Раҳматулло . Мушкили Кабирӣ ҳам аз ҳамин мушкилиҳост. То миллати тоҷикро ғулом накунад ва Тоҷикистонро дастнигари бегонагон, мушкилаш ҳал намешавад. Мақсади Кабирӣ ва хоҷагони хориҷиаш мисли Ироқу Ливия зуран аз байн бурдани истиқлолияти воқеӣ ва ҳукумати конститутсионӣ мебошад, ки ягон равшанфикру ватандӯст ба ин нақшаи хоинонаи наҳзатиён розӣ шуда наметавонад.
Аз биҳишт фирор намекунанд, вале...
Наҳзатиён, ки тавре дар боло гуфтем пардаи шарму ҳаёро аз рӯ афкандаанд, ба хотири худро ҳақ нишон додан ба воқеиятҳо бозӣ кардан мехоҳанд. Принсипи корашон ин аст –нодида гирифтану хомуш истодан дар баробари пешравиҳои Тоҷикистон ва бузург нишон додани ҳатто кӯчактарин камбудиҳои дар ҷомеа бавуҷудомада. Аммо тавре дида истодаем, сол аз сол майдони камбудиёбиашон танг гашта истодааст ва аслан сари, ба қавли худашон, “маҳбусони сиёсӣ” мутамарказ шудаанд. Ин чи маъно дорад? Ин вазъ маънои онро дорад, ки ҳама он мушкилоте, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон солҳои дароз боиси азияти мардум гардид ва забони наҳзатиёну хоҷагонашонро ба танқиди давлату ҳукумат дароз кард, маҳз аз наҳси худи наҳзатиён ба вуҷуд омада буданд. Маҳз ҳамон хиёнатҳои “муборизин”-и наҳзатӣ ба давлату миллат буд, ки Тоҷикистон муддате аз роҳи рушд берун монд. Маҳз дар лаҳзаҳои ҳассоси давлатсозӣ ба тафриқаандозӣ шуруъ кардани наҳзтиён боис гардид, ки кишвар аз ҳама ҷиҳат қафо монд. Маҳз фитнаангезиву ҷангандозӣ ва аз охундҳои Эрон яроқ гирифта, аз хориҷи кишвар, яъне Афғонистон ба Тоҷикистон ҳуҷум карданҳои наҳзатиён буд, ки ҳазорҳо донишмандону олимон кушта ва ё аз ватан берун шуданд, миллионҳо тоҷик куштаву миллионҳои дигар бесарпаноҳ монданд... Аммо ин наҳзатиҳои ҳаёгумкарда қодиранд гуноҳҳои шайтонии худро ба сари давлату ҳукумат ва агар лозим шавад ба сари малоикаҳо ҳам бор кунанд.
Дар мавриди “маҳбусони сиёсӣ” бошад, бояд гуфт, ки ин ибораи бофта ба хотири худсафедкунии ҷинояткорон ҳангоми муборизаҳои сиёсист. Дар тамоми дунё чунин маҳбусон, новобаста аз вазнинии ҷиноят, кӯшиш мекунанд худашонро зери ҳамин ибора сафед нишон диҳанд. Наҳзатиҳои пурмакру фанд низ дар ин миён истисно нестанд ва кӯшиш доранд террористонро “маҳбуси сиёсӣ” талаққӣ диҳанд. Дар асл маҳз дар маҳбас будани ин хоинону террористон омили асосии амнияту субот дар кишвар аст. Давлати Тоҷикистон бисёр башардӯст аст, вагарна дар аксари дигар давлатҳо ин тоифаро ҳукми қатл дода, мурдаашонро саг барин дар кадом як ғор меандохтанд.
Наҳзатиён дар баромадҳояшон дуруст гуфтанд, ки касе аз биҳишт фирор намекунад. Аммо нагуфтанд, ки биҳишт барои шайтонпарастон нест! Аз Тоҷикистон ҳам касе фирор накардааст, ба ҷуз аз шайтонсиратони бегонапараст. Биҳишт низ на барои хоинону ёғиён аст! Тоҷикистони биҳиштосо барои ҳамаи онҳоест, ки нияти пок, дасти созанда, чашми некбин, андешаи бунёдкорона ва дили пур аз меҳру муҳаббат нисбати ҳамдигар доранд. На барои наҳзатиёни ҷангҷуву ситамгар, ки то ҳанӯз хуни миллати тоҷик аз гарданашон шуста нашуда, боз дар фикри хурезианд!
Халқи тоҷик ба наҳзатиён нафрат дорад
Бо назардошти ин ва дигар нишондодҳое, ки мардум бо ақли худ дарк кардаанд, дигар ин гурӯҳҳои ифротӣ сокинони Тоҷикистонро фирефта карда наметавонанд. Чанд ҷавони бетаҷрибаеро ҳам, ки гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ гумроҳ кардаанд, бовар дорем, аз чунин ҳаёти дарбадариву сарсонӣ ва ҳамчун хоин ном баровардану ҳамчун ҳайвон зери бори занҷири бегонагон мурдан садҳо бор безор шудаанд.
Ин тангназарон ҳеҷ корҳои ободонӣ ва рушду пешрафтро дида наметавонанд. Ҷасорати мардӣ надоранд, то иқрор шаванд, ки ҷавонмарде тавонист халқи тоҷикро аз фалокат ва фоҷиаи ҷанги даҳшатбори солҳои навадум бароварда ба чунин рӯзҳои нек расонад! Фоҷиае, ки маҳз аз наҳси наҳзатиҳо ба сари Тоҷикистон омада буд.
Халқи тоҷик ба наҳзатиёни хоину ватанфуруш нафрат доранд. Ин нафрати онҳо дар пайи нашри навори Қиёмиддин Ғозиев-яке аз ҳамроҳонашон, ки ба хиёнаткории наҳзатиён ва дасти охундҳои Эрон дар фоҷиаҳои солҳои навадуму кӯшишҳои 2015 иқрор овард, зиёдтар шуд.
Дар зимн, он туҳмату таҳқире, ки ин тоифа дар Олмон бо маслиҳати хоҷагонашон нисбати халқу миллати тоҷик кардаанд, нобахшданист ва оқибат ба сазои амалҳои нопокашон хоҳанд расид. Мо миллати тавоноем!
Орзу Ҳамидиён, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон