- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Ҷавонон созанда бошанд на сӯзанда
Шан, 09/01/2018 - 10:03
Ҳаёти инсон низ чун ҳаёти табиат давр мезанаду одам онро батадриҷ паси сар мекунад. Образнок карда гӯем зимистон айёми кӯдакиву баҳорон айёми ҷавонӣ, тобистон овони миёнсолию тирамоҳ айёми пирӣ ё худ хазонрези умри инсонист. Аз ин чор фасли умри инсон айёми ҷавонӣ рангинтарину шукуфонтарин айём мебошад. Ин айём даври сабзишу шукуфтанҳо, овони заминагузорӣ барои ояндаи дурахшони ҳар як фард мебошад.Дар навбаҳори умри худ ҳар як ҷавон ҳар лаҳзаю вақти дар ихтиёр доштаашро бояд дурусту босамар истифода барад. Нерӯю тавоноиашро барои фардои умедбахшу шукуфоии худу миллату меҳани худ сарф намуда, дар роҳи бунёдкорию созандагӣ саҳми арзандаи хешро гузорад.
Мутаассифона, бархе аз ҷавонони мо ба роҳи гумроҳӣ қадам зада, бо кирдору рафтори ношоистаю бадномсозандаашон шаъну шарафи ҷавониро паст мезананд, ба миллату давлат иснод меоранд. Барои ин мисол шуда метавонад, фоҷеа бо сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, ки рӯзи 29 июл ба амал омада, аз гуруҳи 7-нафараи дучархасаворони хориҷӣ чаҳор тан кушта ва 3 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ин қатлу куштори гӯшношунид аз ҷониб як гуруҳ ҷавонони ҳамдиёри мо ба вуқуъ пайваст, ки ҳамагӣ 21-26 сола буданду бо ин амали ваҳшиёнаашон худро абадӣ бадному имиҷу обрӯи давлатро халалдор карданд.
Чунин кирдору рафтор ва ҷинояти даҳшатовари ҷавонони мағзшустаю ақлбохтаи ҳамватан моро сахт ба ғазаб овард. Мо ин амали террористиро сахт маҳкум менамоем.Ҳамзамон аз ҷавонону наврасони ноҳия ва диёр даъват менамоем, ба ин қабил ҷавонон ҳаргиз пайравӣ накунанд, аз илму технологияи муосир бархурдор шуда, дар ҷомеа мавқеи худро пайдо карда, барои ин ватани зебо содиқонаю софдилона хизмат кунанд.
Хайруллои Абдуллозода, омӯзгори фанҳои таърих ва ҳуқуқи МТМУ-и №44