- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Раҳоӣ аз вартаи ҳалокат
Шан, 09/01/2018 - 10:05
Дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон, аз қабили Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон ва мамлакатҳои Аврупо амалҳои террористӣ содир шуда, мардуми осоишта қурбони амалҳои гурӯҳу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротӣ мегарданд. Бояд ҳамаи мо, худ ва фарзандону хешу табор ва наздикону пайвандонамонро аз чунин фикру андешаҳои ифротӣ огоҳонида, то метавонем онҳоро аз ин вартаи ҳалокат нигаҳ дорем. Албатта ҳар шаҳрванди ватандор дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва ватани ӯ таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили он хатар мубориза мебарад. Аз ин рӯ, бояд кӯшиш кунем ва донем, ки ояндаи ин давлати соҳибистиқлол ва миллат ба мо вобаста аст. Пешвои миллат низ дар яке аз баромадҳояшон чунин таъкид кардаанд: “Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба дӯши онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад”. Мо пайгирӣ аз суханони Пешвои худ намуда, дигар фирефтаи найрангҳои шумо нахоҳем шуд. Аз ин рӯ мо ба шумо, роҳгумкардаҳо, тавсия медиҳем,ки аввал худро ислоҳ намоед баъдан метавонед фаҳмед,ки ҷомеа чӣ гуна аст.
Магар Шумо дарк намекунед, ки гирифтори фиреби бузург гашта, бо умеди манфиатҷӯӣ ба ҷои рушду тараққӣ бо дасти худ ватани хешро хароб, мардуми худро бадбахт ва фарзандони ҳамдиёронатонро хору залил менамоед.
Ин миллат ба дасисаҳои Шумою хоҷаҳои хориҷиятон боре азобҳои сангинро аз сар гузаронидаю акнун сиёҳро аз сафед ва дӯстро аз душман амиқ фарқ мекунад. Дигар умед накунед,ки мардум майл ба роҳбаладии шумо мекарда бошад.
Ман бо эътимоди том гуфта метавонам, ки миллати тоҷик, хурду бузурги ин диёр, аз таҷрибаи талхи солҳои гузашта дарси сабақ омӯхтааст ва дар пешбурди рӯзгор ва давлатдории хеш ба Шумо барин хоинон эҳтиёҷ надорад. Мо худ аллакай фаҳмидаем чӣ гуна амал намоем.Ҷавонони моро месазад, ки аз таъриху фарҳанг ва асолати миллии хеш огоҳ бошанд, дар асоси расму оини арзишманди ниёгони хеш бунёди давлатдориву меҳанпарастии худро мустаҳкам намоянд, ки сиёсати давлатӣ ба он нигаронида шудааст.Ҷавонони боақлу хирад метавонанд ба қадри арзишҳои волои миллӣ бирасанд.
Умеда Сафарова, сокини шаҳраки Шаҳритуз