- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Ифротгаро ватан надорад
Шан, 09/01/2018 - 11:27
Ватан ҳадяи ҷумла покон бувад,
Ватан ёдгори ниёгон бувад.
Кафи хоки ӯро набахшам ба ҷоҳ,
Агарчанд тахти Сулаймон бувад.
Имрӯзҳо шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ ҳар як шахси солимфикр ва инсони комилақл набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳад, зеро ҳизбу гуруҳҳои ифротгаро метавонанд бо ҳар роҳу усул насли наврас ва ҷавонони содаандешро ба коми худ кашанд. Иддае аз ҷавонон аз таълим берун монда, аз тарбияи падару модар дур афтода, қисме аз онҳо дар хориҷи кишвар ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ шомил шуда, ҷони худро дар хатар мегузоранд.
Онҳо аз беҳунарӣ, сатҳи пасти дониш, бекорию кутоҳандешӣ бо мақсади ноил шудан ба маблағҳои калону ҳангуфт фаҳмидаю нафаҳмида худро ба оғӯши гуруҳҳои тундраву ифротӣ партофта, ба номи халқу давлату миллату оилаи хеш иснод меоранд.
Дар ин самт метавон давлатҳои Ироқ, Либия, Миср, Афғонистон ва Сурияро мисол овард, ки бархе аз онҳо бахусус давлатҳои арабӣ кишварҳои пешрафта ба ҳисоб мерафтанд ва аз ҳисоби маблағҳои аз содироти нефт ба даст оварда ва дигар сарватҳо рӯзе беш аз 80 миллион доллар даромад ба даст меоварданд. Вале гуруҳҳои ифротгаро ва бадхоҳи ба ном Давлати исломӣ(ДИИШ)бо амалҳои ғайриисломию ғайриинсониашон боиси маргу ҳалокати садҳо нафар мардуми осоишта гардида, осудагию оромии давлатҳои зикршударо халалдор ва ислому мусулмонҳоро бадном месозанд. Чунин ҳизбу гуруҳҳои ифротгаро ба сари мардуми тамоми сайёра бадбахтию зарари гӯшношунид мерасонанд.
Силсилатаркишҳои шаҳри Парижи Фаронса, гаравгирии меҳмонони меҳмонхонаи шаҳри Бомако-пойтахти Маями, таркиши тайёраи мусофиркаши Россия ва монанди инҳо аз амалҳои нангини ҳизбу гуруҳҳои террористию экстремистӣ ба ҳисоб мераванд. Бар замми ин ҳама, амалҳои даҳшатангези гуруҳе ба ном аз Давлати исломӣ –ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифтааст, ҳеҷ як инсони соҳибдилро бетараф гузошта наметавонад. Ҷои таассуфу нигаронист, ки бархе аз ҷавонон-ҳамдиёрони мо аз сабаби нодонӣ ё худ мағзшӯӣ «ҷиҳод» гуфта, ба давлатҳои бегона рафта, ҷони худро дар хатар гузошта, дур аз ватан бе як мақсади муайян дар ғарибӣ ҷон супурда ё худ беному нишон шуда, волидони хешро ба ғаму андуҳи бузург мубтало месозанд.Онҳо андеша намекунанд, ки беҳтарин ҷиҳод хизмат ба халқу миллати хеш ва падару модари худ аст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба ҷавонони эҷодкори тоҷик рӯ оварда, иброз доштаанд, ки ба нерӯи офарандагию созандагии насли наврасу ҷавонони ҳушёру бедори тоҷик баҳри рушду нумуи Тоҷикистони офтобрӯя боварию эътимоди қавӣ доранду минбаъд низ пайваста ба ин нерӯи офарандаю бунёдкор такя карда, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ, муттаҳидӣ давлату ҷомеаро ба сӯи пешрафту тараққиёт роҳнамоӣ мекунанд.
Аз ин лиҳоз, мо, падару модарон, аҳли ҷомеа, фаъолони ноҳия ва кишвар вазифадорем, ки фарзандони худро дар рӯҳияи баномусию меҳнатдӯстӣ, фидокорию меҳанпарастӣ ва сазовор ба арзишҳои миллӣ тарбия намуда, онҳоро аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракату гуруҳҳои ифротгаро пешгирӣ намоем.
Сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишварро бояд ҳамаҷониба дастгирӣ намоем, зеро ҷавонон ояндаи миллат буда, рушду нумӯи ҷомеаи демократӣ аз онҳо вобаста аст. Мо андешаву назари ҳаммиллатонеро, ки дину мазҳаб ва имону виҷдони худро ба бегонагон фурӯхтаю миллати тоҷикро бадном кардаанд, қотеона маҳкум менамоем ва намегузорем, ки фарзандони мо гирфтори балои рӯз бошанд.
Муҳаммадюсуф Азимов, омӯзгори собиқадор