Main menu

Мубориза бо терроризм –кафили бехатарии ҷомеа

            Рӯзи 28 август дар тарабхонаи  «Роҳат»-и ҷамоати деҳоти Обшорон  раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода, сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Шаҳритуз Қ.Давлатов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия С.Лоиқов бо роҳбарону фаъолони ҷамоати деҳоти  Обшорон  мулоқоти корӣ доир намуданд.

          Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ сармуҳаррири рӯзномаи «Субҳи Шаҳритуз» А.Фаттоҳ ифтитоҳ намуд.Сипас сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Шаҳритуз Қ.Давлатов дар назди ҳозирин суханронӣ кард. Ӯ қайд намуд,  дар шароити кунунӣ ба шаҳрвандон  зарур аст, ки барои ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии кишвар, пойдории сулҳу амнияти  халқу мамлакат бедорию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Қ.Давлатов таъкид дошт, ки сулҳу оромӣ ва рушди  бемайлони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон  барои душманони миллат  хушоянду манфиатнок набуда, онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд  Тоҷикистонро ноором сохта, ба пешрафти  он монеа эҷод карда, хостаҳои ғаразноку нопоки худро ҷомаи амал пӯшонанд. Ба ин мисол шуда метавонад фаъолияти бадхоҳонаю душманонаи аъзову роҳбарияти такшилотҳои экстремистӣ-террористии ДИИШ, Салафия, Ансоруллоҳ, ҲНИТ, Гуруҳи 24 ва ғайра.  Аз ҷониби чунин ташкилотҳои  ифротгаро аниқтараш Ҳизби мамнуъшудаи экстремистию террористии наҳзати иоломи Тоҷикистон  дар ноҳияи Данғара амали ваҳшиёнаи террористӣ анҷом додаю якчанд нафар сайёҳони хориҷӣ ба қатл расонида шуданд. Мақсад аз ин  рӯйдоди даҳшатангез    халалдор кардани суботи ҷомеа, ноорому ноустувор  нишон додани вазъи ҷумҳурӣ ва дар ҳолати тарсу таҳлука қарор дордани авзои кишвар мебошад. Воқеан собиқ роҳбари ҲНИ М.Кабирӣ ва дигар аъзои фирорию ҳалқабаргӯши хориҷиён  дар хориҷи кишвар истода давлату ҳукумати Тоҷикистонро сиёҳ карда, ҳама озодию пешравиҳои моро  нодида мегиранд, вале офтобро бо  доман пӯшонида намешавад.

              IMG_7674.JPGБа иштирокчиёни ҳамоиш филмҳои «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ва «Дар ҳошияи  Бозгашт аз ҷаҳаннам», ки қаҳрамонаш узва дар гузашта собиқадори ҲНИТ, сокини ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон   Айёмиддин Сатторов     мебошад,    намоиш дода шуд.

            Баъд аз анҷоми тамошои филмҳои мазкур имоми намози панҷвақтаи деҳаи Обшорон С.Ҳакимов, нафақахӯр Э.Бобоев, омӯзгорони муассисаҳри таҳсилоти миёнаи  рақамҳои 29, 44 Муродова ва М.Абдиева, сармуҳандиси ҶДММ «Дук»   З.Абдураҳимов ба сухан баромада, нисбати  филмҳои  манзур намуда ва муҳтавои он фикру андешаҳояшонро иброз намуда,   роҳбарону масъулони ҳизбу ҳаракатҳои  мамнуъшудаи иғвобарангез аз ҷумла  М.Кабирӣ ,  ҲНИ, « Гуруҳи 24» ва ғайраро маҳкум намуда, иброз доштанд, ки бояд ҳар як шаҳрванд бо ақли солим кору фаъолият намуда,дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, нагузоранд, ки ватани маҳбуби мо ба арсаи ҷангу ҷидол ва кашмакашҳои ҳарбию сиёсӣ табдил ёбад.

             Дар анҷом мудири  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия С.Лоиқов ҳамоишро ҷамъбаст намуда, изҳори боварӣ кард, ки фаъолони ҷамоати деҳоти Обшорон бо роҳбарии раиси ҷамоати деҳоти мазкур Л.Холова минбаъд дар баробари вусъати корҳои ободонӣ  дар маҳалҳо барои пешгирии амалҳои террористию экстремистӣ ва ҷилавгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро  силсилаи чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангиро  роҳандозӣ намуда, дар тарбияву ташаккули ҳисси худшиносӣ,ватандӯстию меҳанпарастии шаҳрвандон саҳми босазо мегузоранд.

«Субҳи Шаҳритуз»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз