Main menu

Машварати августии муаллимони ноҳия

              28 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи МТМУ-и №1-и ноҳия бо иштироки  роҳбарияти ноҳия, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ,  мудирони кӯдакистонҳо ва омӯзгорони  пешқадами ноҳия машварати августии муаллимони ноҳия баргузор гардид.

                Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳия К.Очилдиев ифтитоҳ намуд. Сипас муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода  бо маърӯза баромад намуда дар хусуси бурду бохти маорифчиёни ноҳия ботафсил суханронӣ кард.

                 IMG_7684.JPGЗикр гардид, дар айни замон дар ноҳия 1610 нафар омӯзгорон  ба қайд гирифта шудаанд, ки  аз ин теъдод 1035 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар  соли ҷорӣ дар 54 муассисаи таълимии ноҳия 26 ҳазору 517 нафар хонандагон  ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Имсол дар миқёси ноҳия хонандагоне, ки ба синфи якум қадам гузоштанд, қариб 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки ин миқдор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 900 нафар зиёдтар мебошад. Дар ноҳия 6 муассисаи таълимии томактабӣ бо фарогирии 32 гуруҳ фаъолият мекунад, ки 835 нафар парваришгирандагонро дар   бар гирифтааст.

             Қобили қайд аст, ки дар соли таҳсили гузашта аз 1826 нафар хатмкунандагони синфи 11-ум 1276 нафарашон ба Маркази  миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, беҳтаринҳояшон ба  донишгоҳҳои олии кишвар  шомил шуда, шарафёби номи донишҷӯй  гардиданд.

               Дар маърӯза  камбудию норасоиҳои ҷиддии дар соҳаи маориф ҷой дошта низ қайд гардида, барои ислоҳу бартараф намудани онҳо дастуру маслиҳату тавсияҳои мушахас ироа карда шуд.

                   Дар чорабинии мазкур прокурори ноҳия У.Каримов, мушовири Раёсати маорифи вилояти Хатлон З.Каримов  суханронӣ карданд.

                Дар анҷом раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода ба гуруҳи калони омӯзгорону мураббиён ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳия Ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳритузро дар вазъияти ботантана  супорид.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз