- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Маркази саломатии навбунёд дар хизмати аҳолӣ
Шан, 09/08/2018 - 19:10
Дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии деҳаи «Корез»-и ҷамоати деҳоти Пахтаобод соҳиби туҳфаи хуб гардиданд. Дар деҳаи мазкур бо иқдому маблағгузории Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз дар давоми 6 моҳ бинои хуштарҳу замонавии Маркази саломатии деҳот сохта ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз 7 ҳуҷраи бо низоми гармидиҳӣ , таҷҳизоти хизматрасонии тиббӣ, шустушӯи зарфҳою либосҳо, ташноб иборат мебошад . Инчунин атрофи ин бинои хушсохт ободу маъмур гардида, бо гулу гиёҳҳо ороиш дода шудааст. Барои сохтмони муассисаи номбурда 30 ҳазор доллар ё худ 3 миллион сомонӣ масраф гардидааст.
Дар маросими ифтитоҳи бинои мазкур раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода, менеҷери КАТС-и ноҳия Ф.Муҳаммадиев ва кормандони соҳаи тиб, роҳбарони ҷамоати деҳоти Пахтаобод ва фаъолони деҳаи «Корез» ширкат варзиданд. Раиси ноҳия зимни баромадаш ҳозиринро бо фарорасии ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани бинои нави Маркази саломатии деҳаи мазкур табрику таҳният гуфта, ба сохтмончиён ва саҳмгузорони он аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз самимона изҳори сипос намуд.
Сипас раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода, менеҷери КАТС-и ноҳия Ф.Муҳаммадиев дар вазъияти ботантана бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази саломатии навбунёд оғоз бахшиданд. Қобили қайд аст, дар ин даргоҳ ҳама шароитҳо муҳайё буда, 15 нафар командони тиббиву техникӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Б.Матин, Х.Пӯлодпур