- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Арзиши волои Истиқлолият
Якш, 09/09/2018 - 08:44
Имрӯз мо бо ифтихору самимияти баланд чун аз истиқлоли миллӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама иншоотҳои бузургро, ки замони соҳибихтиёрӣ бо маблағ, саъю талош ва заҳматҳои зиёди Ҳукумат ва бахусус Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудаанд, шинохтаву эътирофи давлатамонро аз ҷониби мамлакату созмонҳои воломақоми ҷаҳон, ҷашну воқеаҳои шукуҳмандро номбару ёдрас мекунем.
Бунёди шоҳроҳҳои байналмилалӣ, силсилапулҳои азими болои дарёҳо, ки диёрамонро аз дастнигарӣ раҳонида, ба кишварҳои дуру наздик пайвастанд, боиси шукуҳу сарфарозии хурду бузург мебошанд. Сохтани нерӯгоҳҳои хурду бузург дар саросари кишвар, даҳҳо корхонаю муассисаҳои таълимӣ, тиббиву маишӣ, таҷлили ҷашни бузургдошти шахсиятҳои шинохтаи илму адаб, сиёсат ва дин, эҳёи расму суннатҳои воло барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, зинда ва мустаҳкам кардани хотираи таърихӣ, масъулияти ватандорӣ омӯзиши ҳифзи фарҳанги миллӣ дастоварди беназири саҳифаҳои пурарзиши давлатдории навини тоҷикон дар айёми пуртазоди Истиқлол маҳсуб меёбад.
Ба қимат ва арзиши истиқлолият расидан ва ин неъмати бузурги сиёсиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кардан, ба он чун нангу номуси миллат сарбаландона арҷ гузоштанро бояд ба ҷавонону наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзонем, шогирдонро дар руҳияи ифтихор аз ватандорӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия намоем. Ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат дар робита ба баланд бардоштани музди маоши меҳнати кормандони соҳаи маориф сазовор бошем.
Ҷавонон пеш аз ҳама бояд чун фарзанди фарзонаи Ватан зираку ҳушёр бошанд, аз роҳи давлату миллати хеш заррае берун қадам нагузоранд. Ба воситаи омӯзиш саводу дониш, ақлу заковат ва ботини худро ғанӣ созанд.Таъриху фарҳанг ва забони миллиашонро донанду эҳтиром намоянд, бо ҷасорату мардонагӣ давлати азизамон -Тоҷикистон намунаи ибрати имрӯзиёну фардоиён шавад.
Дар анҷом кулли ҳамдиёронамонро ба муносибати 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям.
М.Ҳайдарова, мушовири шуъбаи маорифи ноҳия