- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Таҷлили ҷашни Истиқлолият дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и ноҳия
Якш, 09/09/2018 - 09:00
Субҳи рӯзи 8 сентябр дар варзишгоҳи марказии ноҳия бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана доир гардид. Дар чорабинии мазкур масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, роҳбарони ташкилоту муссисаҳо,раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат,ҷавонон, омӯзгорону табибон, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия фаъолона ширкат варзиданд.
Нахуст раиси ноҳия Оймаҳмадзода Рамазон Алихон бо Паёми табрикӣ баромад карда, иштирокчиёни ҳамоиш ва ҳамаи сокинони ноҳияро бо таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба кору таҳсил ва зиндагии ояндаашон ба манфиати давлату миллат бурдбориҳо орзу кард. Ҳамзамон намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сокинони ноҳияро ба қайди ҷашни бузурги миллию давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Сипас мутахассиси пешбари шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Қамариддин Сайализода Амри раиси ноҳияро дар бораи мукофотонидани фаъолони ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, собиқадорони меҳнат қироат кард.
Раиси ноҳия дар вазъияти ботантана ба Раҳимзода Зафар Иброҳим, Мирзоҳимматзода Наҷибулло, Камолов Муталиб Муродулоевич,. Раҳимқулзода Наврӯзбек, Қараев Ҷамшед Нурмаҳмадович, Туйдиев Парвиз Шодиевич, Ҷурақулов Мусулмонқул , Мирзоева Моҳбегим Шовафоевна, Саъдиев Қувватбек, Қулмуминов Камолиддин, Ҳамроев Амраҷон, Холмуродов Нурулло,Эшмирзоев Нурмат Ифтихорномаи раиси ноҳияро супорид.
Дар анҷом ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистн бо барномаи рангини фарҳангӣ баромад карданд.
А.Фаттоҳ