Main menu

Истиқлолият ва занон

                Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, давлат барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Сиёсати давлати Тоҷикистон барои воқеаан амалӣ гардонидани ин муқаррарот, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва хусусан занон равона карда шудааст.

              Амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мавқеи занон дар низоми иҷтимоиву сиёсии ҷомеа ифодагари бараълои ин сиёсат мебошад. Дар айни замон дар кишвари мо мавқеи занҳо дар низоми иҷтимоиву сиёсии ҷомеа тадриҷан боло меравад. Нишондиҳандаҳои оморӣ ва тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ собит мекунанд, ки аксарияти занон аъзои фаъоли низоми иҷтимоиву сиёсӣ буда, ширкати онҳо дар ҳама масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа назаррас мебошад.

              Дар воқеъ зан нахуст модар, офарандаву бахшандаи ҳаёт, нигаҳдорандаи нуру сафо, гармиву оташи хонадон аст. Бинобар ин дар тамаддуни тоҷикон ба тарбияи духтарон аҳамияти зарурӣ медиҳанд. Бешубҳа, меҳру муҳаббати бузурги модарро нисбат ба фарзандон касе иваз карда, ё рӯзгордории модарро шахси дигар ба андозаи вай анҷом дода наметавонад. Фақат модарон аз уҳдаи рӯзгордории шоиста баромада метавонанд.Тибқи суннатҳои миллиамон  дар оила ба духтарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, зеро онҳо афроди латиф, мубораку раҳматбахшанд. Духтаронро таҷассуми меҳру шафқат, ҳусну малоҳат ва писаронро кафолати неъмату сарват шуморидаанд.

              Волидон дар қатори писарон ба духтарон низ  нисбат ба таълиму тарбия ва парваришашон пайваста эътибори ҷиддӣ дода, нисбати ояндаи дурахшонашон  бетараф нестанд. Хурсандибахш аст, ки сол то сол дар ноҳия сафи духтарону занони соҳибмаълумот афзуда, таъсири онҳо дар пешрафти соҳаҳаи гуногуни хоҷагии халқи ноҳияву ҷумҳурӣ дучандон  эҳсос мегардад.

              Ба шарофати Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои бонувони тоҷик ҳама шароиту имкониятҳо муҳайё гардидааст. Онҳо ба ояндаи худу кишвари маҳбубашон итминони комил  дошта, ҳиссагузорӣ дар пешрафти давлату ҷомеаро масъулият ва ифтихори шаҳрвандиашон меҳисобанд.

Талабшо Холназаров, омӯзгори МТМУ-и №54

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз