- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
ИХТИЛОФ
Душ, 09/17/2018 - 14:09
Аз назари разилон ва ёронаш гӯё дар Тоҷикистон дин хор шуда, ҳеҷ гуна озодии эътиқодӣ риоя намешавад.Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсии бақои давлату миллат мебошад.
Ман бо эътимоди том гуфта метавонам, ки мардуми тоҷик, хурду бузурги ин диёр аз таҷрибаи талхи солҳои гузашта дарси сабақ омӯхтааст ва дар пешбурди рӯзгор ва давлатдории хеш ба Шумо барин хоинон эҳтиёҷ надорем .Мо худ алакай фаҳмидаем чи гуна амал намоем. Ин миллат ба дасисаҳои Шумо боре азобҳои сангинро аз сар гузаронидааст, дигар умедам накунед,ки мардум майл ба роҳбаладии шумо дорад.Ҷавонони моро месазад, ки аз таъриху фарҳанг ва асолати миллии хеш огоҳ бошанд, дар асоси расму оини арзишманди ниёгони хеш бунёди давлатдориву меҳанпарастии худро мустаҳкам намоянд, ки сиёсати давлатӣ ба он нигаронида шудааст,ҷавонони боақлу хирад метавонанд ба қадри арзишҳои волои миллӣ бирасанд.Дӯст доштани Ватан ва ҳифзи марзу буми он барои ҳамагон бунёди рисолати хештаншиносӣ буда, бахусус, ҷавонон бояд ин нуқтаро дар дилу ҷони худ ҷой диҳанд. Воқеан, дар ҷаҳони муосир ва даврони глобализатсия пешорӯи мо мушкилоти зиёде қарор доранд, аз ин рӯ мо бояд дар паҳлӯи як дигар бошем,чун ки мо ба мутаҳиди метавонем ин мушкилотҳоро бартараф кунем на парокандагӣ.Ва хоҳони он ҳам нестем, ки ҳар ватанфурӯше берун аз Ватан худро аз «шахсиятҳои шинохтаи тоҷик» муаррифӣ кунаду баҳри дастгирии ояндаи «рӯзгори пурсаодат»-и ин миллат берун аз марзи Тоҷикистон анҷумане бо номи «озодандешони тоҷик» ороста кунад ва дар хусуси тақдири масири ин миллат дар анҷумане ҳарф занад. Зеро воқеан дуруст аст, ки ҳеҷ ғуломе наметавонад озодандеш бошад. Албатта, амалҳои моҷароҷӯёнаи Шумо сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел нороҳат намудааст, ки Шумо лоф мезанед аз адолат ва равшанфикри, холо он ки худ дар ҷаҳлат ҳастед. Албатта ҳар шаҳрванди ватандор дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва ватани ӯ таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили он хатар мубориза мебарад.
У.Сафарова, корманди шуъбаи маорифи ноҳия