Main menu

Тири хокхӯрда

Гӯянд саг  ҷақад гузарад корвон,

Ба ранҷу маломат масӯзад ҷонат,

Валек алам мекунад як умр гирён,

Аз байни сагон равон корвонат.

         Воқеан ҳаёти инсон ба корвон монанд аст ва он аз ҳар гуна пастию баландӣ, аз байни ҳар гуна некиву бадӣ ҳамеша равон аст. Давлатдорӣ низ, ки он ҳаёти одамон сохтаанд айнан  чунин ҷараён мегирад.

         Ҳар боре, ки таърихи навини Тоҷикистони азизро аз лавҳаи хотир мегузаронам фарзандони  фидокору ватанпарвар ва сарсупурдаи онро ба ёд оварда  болидахотир мешаваму шукронаи ин ободиву фаровонӣ мекунам.

         Алҳақ Тоҷикистони азизи мо бо чунин фарзандони барӯманд аз ин ҳам ободтар хоҳад шуд.

         Вале боз нафароне низ ҳастанд, ки худро тоҷику «Ватанпарвар» муаррифӣ мекунанд ба ҳар роҳу васила аз хоки бегона аз қафо ба қалби ватани худ тир меандозанд, ки ҳеҷ гоҳ ба ҳадаф нахоҳад расид.

         Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст

                                                         чун баҳр,

        Зуд  бошад, ки  сари хеш чу

                                                          гирдоб   хӯрад.

         Ҳоло қариб ҳамагон бо шабакаҳои интернетиву телевизионӣ пайваст аст ва ҳар гуна тӯҳмату бӯҳтонҳои кӯрнамаконаи   Т.Т.Ҳ.Н.И-ро бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва онҳое, ки баъд аз дастгир шудан ба хиёнати худ иқрор мешаванд, разолати ваҳшиёнаи худро ошкоро нақл мекунанд мешунаванду  мебинанд.

         Ба ҳамагон маълум аст, ки чӣ рӯзҳои даҳшатангез ба сари мардуми тамаддунофару фарҳангии тоҷик он солҳои аввали истиқлолият гурӯҳҳои бадғараз бо дастгирии  хоҷагони хориҷии худ рехтанд. Он рӯзҳо ҳеҷ гоҳ аз хотир нахоҳад рафт ҳеҷ гоҳ ба чунин аъмолҳои хунхорона мардуми шарифи  Тоҷикистон роҳ нахоҳад дод. Бо ин ҳама номардиҳои гурӯҳҳои мухолиф Ҳукумати башардӯсти мо бо роҳбарии Пешвои муаззами  мо Эмомалӣ  Раҳмон баҳри наҷоти миллат барои барқарор намудани сулҳу субот он силоҳбадастону роҳбарони онҳоро авф намуд. Сулҳ барқарор шуду Тоҷикистон ба рушди бемайлон оғоз  кард. Чандин роҳбарони ҲНИТ ва роҳбарони мухолифин ба вазифаҳои масъули давлатӣ соҳиб шуданд. Оқибат аз бадғаразӣ онҳо  озод нашуданд ба куштори олимони шинохтаву сиёсатмадорон даст заданд  ва ҳатто хостанд табадулоти давлатӣ даст зананд ва заданд ҳам. Масъалан Ҳоҷи Ҳалим бо ҳама сарвату дорои ва ба мансаби муовини Вазири ВКД буданаш аз бадкешии худ даст накашид ва даст ба хиёнати хоки Модар – Ватан бо ҳампешагону пастсиришт ва бо супориши хоҷагони хориҷиаш зад. Тоҷикистон давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ягона аст. Ҳар гуна қонуншиканиҳо, хиёнат ба Ватан ҷавобгарӣ дорад, рисолати давлатдорӣ ҳамин  тарз ҳаст ва ҳамин тарз хоҳад монд. Ҳамаи онҳое, ки ба истиқлолияту ҳаёти мардумонаш хавф эҷод мекунад ҳатман пеши қонун ҷавоб хоҳанд дод.

         Ҳар он нафаре, ки ободиву фаровонӣ, сулҳу суботи ватани худро мехоҳад бояд ба ҳар гуна бӯҳтонҳои ташкилотҳои ифротии  фаъолияташ манъшударо маҳкум намоянд. Агар ҳар кас Ватанро самимона дӯст дорад тири ҳар гуна душман хок хоҳад хӯрд.

         Хонаи ободу номи неки тоҷик зинда бод.

        Тоҷи шӯҳрат бар сари ӯ то абад поянда бод.

  Т. Қобилов, мушовири шуъбаи маорифи ноҳия                          

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз