- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
То морбачча сар боло накунад
Душ, 09/17/2018 - 14:16
Баромади раиси Ҳиби экстремистию террористии наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Полша ба мисли сар бардоштани як морбачча барои заҳр задан ба хешу табор ва ҳамватанони худ бармеояд. Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳоди мухолифин Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30%-и мухолифинро бо вазифаҳои масъулиятнок таъмин намуд.
Пешвои муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пайравони Ҳиби экстремистию террористии наҳзати исломии Тоҷикистон ва роҳбарони он Саид Абдуллои Нурӣ, раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди барӯманди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарфи назар карда бо роҳи макр боз орзӯи ғасби кишвар ва нест кардани давлатро карданд.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободонию амнияти миллату давлат шабу рӯз камари ҳиммат бастааст. Нагузошт, ки ягон нафар гуреза дар ғарибӣ, дар мамлакатҳои бегона бошанд.
Ҳамин қадар некиҳои Пешвои муаззам ба Саид Абдуллои Нурӣ, Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷӣ Ҳалим, Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва пайравони онҳо сабақи зиндагӣ нашуд. Онҳо боз аз роҳи кинаҷӯӣ ҷанги сардро оғоз карданд. Ба куштори шахсони сиёсатмадору бомаърифат, олимон оғоз бахшиданд. Таърих гувоҳ аст, ки ҷанг ҳам қоидаҳои гуманитарӣ, яъне инсондӯстию инсонпарварона доштааст. Мақсади ҷанг дар замонҳои қадим ҳаргиз қатлкунии ҳарчи бештари одамони ҷониби муқобил набудааст. Яъне қатли одамонро вазифаи аввалиндараҷа намеҳисобидаанд.
Пас чаро Ҳоҷӣ Ҳалим бо супориши Муҳиддин Кабирӣ соли 2015 ба одамкушӣ, ба қатли шахсиятҳои варзида даст заданд? Чаро Ҳоҷӣ Ҳалим бо чунин дороӣ, Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Генерали мардумӣ) бо доштани 8 зану 28 фарзанд мардуми гумроҳро ба доми фиребкашида, бехонаву ҷой намуд.
Мардуми гуреза ба суханҳои бардурӯғи як гурӯҳи ифротгар бовар карда, фарзанд, падару модар, наздикони хешро аз даст доданд. Дар ғарибӣ ҷон аз даст доданд. Яке ба об рафт, дигаре аз гармию сармо дур аз Ватан ҷони худро аз даст дод.
Аз рӯи таҳлилҳои нисбии байналхалқӣ ва аз рӯйи он, ки мо ҷангзада шудему давлатдориро қариб аз сифр оғоз кардем, дастовардҳои Тоҷикистон бузург аст.
Муҳиддин Кабирӣ то ҳол намакшиноси Ватан нест. Ҳамарӯза кӯшиш дорад, ки таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷиаш ба сари мардум абри сиёҳ оварад. Лек, мардуми намакшиноси тоҷик заҳматҳои роҳбари ҳунарманду ӯҳдабарои хешро дар мағз андар мағзи ҷон дарк мекунад.
Мисраҳои зерини Султонмуроди Одина ифодагари эҳсосоти дил ва мақсаду мароми тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад:
Ӯ Ватандору ватанпарвар бувад,
Дӯстдори миллату кишвар бувад.
Марди бофарҳангу донишвар бувад,
Аз ҳар он чӣ гуфтамаш беҳтар бувад.
Аз ту хоҳам, эй Худои меҳрубон,
Ҳомии моро ту бошӣ пуштибон.
Мо бояд аз парокандагӣ канорагирӣ карда, бикӯшем, ки морбачча сар набардорад. Бояд, ки морбаччаю пайравонашонро саркӯб кунем.
Ш. Сайдалиев, мушовири шуъбаи маорифи ноҳия