- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Алҳазар аз афкори ифротӣ
Душ, 09/17/2018 - 14:33
Раванди мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм нишон медиҳад, ки имрўз ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб мутаҳидӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеаро тақозо дорад. Солҳои охир дар Аврупои шарқӣ наздики Африқо, Осиёи Марказӣ содир шудани садҳо ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ аз хатари глобалӣ доштани ин зуҳурот шаҳодат медиҳад.
Зикр кардан зарур аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии экстремистӣ - террористӣ аз рўи ангезаҳои динӣ, сиёсӣ аз солҳои 90-уми асри гузашта оғоз гардид. Таҷриба нишон медиҳад, ки афкори ифротии ин гуна ташкилотҳо барои мардуми тоҷик бегона буда, асосан аз хориҷи кишвар таҳмил мешавад. Аз ҷумла фаъолияти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ фаъолияташ дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-сентябри соли 1915 - 19/5 манъ шудааст. Солҳои 1993-2015 роҳбарон ва аъзои фаъоли он бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ даҳҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнинро содир карда, ҳадафи асосиашон ноором сохтани авзон сиёсӣ ва бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ғасби ҳокимият буд.
Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки амалҳои террористӣ ба қатлу куштори мардуми осоишта равона буда, ба ҳеҷ ваҷҳ аз арзишҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, миллӣ ва динӣ, умумиинсонӣ сарчашма намегиранд. Дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм истифода бурдани воситаҳои хусусияти ҳуқуқӣ дошта роҳи ҳалли масъала набуда, роҳандозӣ нашудани маҷмўи чораҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ мувофиқи мақсад мебошад. Ҷавонони шомилшуда аз телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода бурда ба ин васила дигар ҷавононро низ ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб менамоянд. Намояндагони гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ ташвиқотро тавассути сомонаҳои интернетӣ пурзўр карда, аз ҳисоби ҷавонони ба омўзиши дини исломи майл дошта барои иштирок дар "ҷиҳод" тарғибу роҳнамоӣ менамоянд. Мардуми мусулмон бояд аз фармудаи ояти "Қуръон" ва ҳадиси набавӣ “Мусулмонҳо бо ҳам бародаранд” баҳраманд бошанд.
Гулноза Тешаева муаллимаи МТМУ №2-и н.Шаҳритуз