Main menu

«Аз байни мардум баромадаанд»

            Роҳи сиёсатмадорони   бузург душвору пурпечутоб буда, аксари онҳо то расидан ба  зинаҳои баланди давлатӣ, бояд таҳсил кардаву ботаҷриба бошанд.

         Ҳангоме, ки  Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 Сарвари давлат ва соли 1994 Президенти кишвар интихоб шуд, солҳое буданд, ки Тоҷикистон ташаккули давлатдории нав, шароити сангини ҷанги шаҳрвандӣ, харобиҳои баъди ҷанг ва душвориҳои дигарро паси сар мекард. Буҳронҳои пай дар пайи низомию сиёсӣ, задухўрдҳои  мусаллаҳона дар дохили  мамлакат, кўшишҳои табаддулоти давлатӣ кардан ва суиқасд ба ҷони Президенти кишвар ӯро обу тоб дода, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан ба роҳбари муваффақ ва арбоби барҷастаи сиёсӣ табдил дод.

         Дар урфият «ба халқ наздиќ», «аз миёни мардум баромадааст», «фарзанди халқ», «вакили мардум» барин таъбирҳо мавҷуданд. Дар навбати худ яке аз  усулҳои ба мақсад расидан, ки хоси Пешвои муаззами миллат аст, ин:

1.Ҳифзи ваҳдати миллии тоҷик, 2. Ҳифзи ягонагии Тоҷикистон дар ҳудудҳои имрўза, 3. Ҳифзи  сулҳу созиши шаҳрвандӣ дар ҷомеа, ҳалли тамоми ихтилофот бо роҳи осоишта  ва сиёсӣ, 4. Бартарӣ додан ба манфиати миллӣ ва умумихалқӣ дар қиёс бо манфиатҳои ин ё он ҳизб, ҳаракат, шахсият, гурўҳи ашхос ва ғайра.

         Албатта содиқ будан ба ин  гуна усулҳо кори осон нест.

         Мутассифона ба ин усулҳо на ҳама, бахусус Кабирию атрофиёнаш содиқанд. Онҳо вазъиятро дарк карда наметавонанд ва дар аксар маврид дунболагири танҳо чунин усуланд:  «ё ҳама чиз ё ҳеҷ чиз!...»

        Ин ё он фард ба майдони душманони халќ мегузараду пас аз он ҳам худро гоҳе самимона, гоҳе бо  чоплусӣ (чун Мухиддин Кабирӣ) ва гоҳе риёкорона ҳомии мардум мешумораду муаррифӣ мекунад.

         Пас мусаллам аст, ки чунин ибрози андеша  кунем:  Пешвои муаззам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳиддин Кабирӣ собиқ раиси ҲНИТ (Ҳизби экстремистӣ ва террористӣ) «аз миёни мардум баромадаанд», «фарзанди халқ» буда, аввалӣ ба манфиати давлату миллат, амнияту бехатарӣ кўшиш ба харҷ медиҳаду дувумӣ бар зиддӣ давлату миллати хеш  амалҳои  ношоистаро раво медонад.                   

Ш.Сайдалиев, мушовири шуъбои маорифи ноҳия

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз