Main menu

ТЭТ ҲНИТ ва кушторҳое, ки таърих назирашро ёд надорад

            Агар бафаъолияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ назар афканем, маълум мегардад, ки ин ташкилот аз бунёд хислати экстремистию террористӣ дошта , асосои онро идеологияи инсонбадбинӣ, таҳамулнопазирӣ ва фашистӣ ташкил медиҳад. Ҷаҳонбинии наҳзатиҳобар пояи тасаввуроте  шакл гирифтааст, ки худашон онро ҳамеша ҳақиқати мутлақ меҳисобанд ва дигаронро бадандешу ноҳақ мешуморанд. Бар асосои идеологияи наҳзатӣ бояд дигарандешро кушт ва дар роҳи куштани дигарон худро низ фидо кард. Аз ин рӯ, афкор ва аъмоли эшон бо идеология ва аъмоли фашистӣ ҳамсон аст.

           ТЭТ ҲНИТ ҳанӯз аз охири солҳо шуравӣ ба фаъолиятҳои экстремистию террористии худ оғоз намудааст. Ба ин ҳақиқат матлаби Иззатулло Саъдулло, номзади илмҳои таърих, узви собиқи ТЭТ ҲНИТ , собиқ роҳбари ташкилоти ибтидоии ин ҳизб дар ноҳияи Шоҳмансур , ки таҳти унвони “ҲНИТ ва ДИИШ” дар матбуот чоп шуд , рӯшанӣ меандозад. Далелҳои дар мақола оварда шуда, нишон медиҳад, ки ҲЗНИТ  аз ибтидо ташкилоти экстремистию террористӣ буда, амалан аз солҳои 1989 амалҳои тахрибкоронаро дар шаҳрҳои Кӯлобу Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) оғоз кардааст.. Тибқи далелҳо ин гӯрӯҳ амалҳои экстремистиро маҳз аз масҷидҳо  сар карда ҳанӯз дар давраи шуравӣ  бо калтаку корд ва оҳану арматур ба одамон ҳамла мекарданд. Маҳз аз масҷидҳо шурӯъ намудани нооромиву зуроварӣ, масҷидро аз макони муқаддас ба макони шарорату муқовимат табдил додан амали касифонаи ТЭТ ҲНИТ буд. Баъд аз заволи Иттиҳоди Шуравӣ, замоне, ки кишварҳои тоза ба истиқлолрасидаи иттҳод дар ҳоли тақсими мерос буданд ТЭТ ҲНИТ бо такя ба сармоягузорону хоҷагони хориҷиаш барои ба даст овардани ҳокимият дар кишвари мо ба набарди мусаллаҳона даст зад ва ҳукумати конститутсиониро  дар соли 1992 ғасб намуд. Кишварро ба майдони ҷанг, қатлу куштор  табдил дода, боиси парокандагии маъмурӣ дар ҷумҳурӣ гардид ва ҳокимиятро дар саросари Тоҷикистон фалаҷ намуд. кушторҳои ваҳшиёнае, ки  соли 1992 дар бинои ҳамоми  совхози Туркманистони ноҳияи Вахш террористони наҳзати ислом  анҷом додаанд, назирашро ёд надорад. Ин гурӯҳ, ки имрӯз нашармида аз миллату исноният ҳарф мезананд, хиноятҳояшон ва амводи фоҷиаборашон  аз ҳуҷуми чингизиён ба минтақа ва аз инсонкӯшиҳои фашистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ камтар нест. Имрӯз, ки инҳо даъвои донишмандиву нобиғагӣ доранд ва ихтирооти илмиву дастоварди олимонро ночиз мешуморанд дар давоами мавҷудияти худ як кашфиёт кардаанд ва он ҳам кашфиёти “бочка зиндон” буд. Наҳзатиҳо дар даруни бочкаҳои оҳанин барои истифодаи об ва бензин истеҳсолшуда одамонро зиндонӣ намуда , бо бадтарин шева мекуштанд, ки аз ин ихтироъ то солҳои 2000 ҳам баъзе аз пайравони ТЭТ ҲНИТ истифода намуда буданд.

             Солҳои навадуми асри гузашта наҳзатиҳо як қатор силсилакушторҳоро анҷом додаанд, ки ҳатто пас аз имзои  Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ идома ёфт. Амалҳои террористии наҳзатиҳо, ки боиси аз байн бурдани ҷони ҳазор сокини осоиштаи Тоҷикистон гардид, бузургтарин хиёнат ва гуноҳи нобахшиданиест, ки аз тарафи ин гурӯҳ содир шудааст.

         Тавре дар мақолаи зикршуда ишора мешавад дар соли 1995 ба таври дастҷамъӣ қатл кардани сарбозони нерӯҳои марзбонии Руссия, соли 1997 ба қатл расонидани намояндагони ҳайати Созмони Миллали Муттаҳид дар Тавилдара бозгӯи он аст, ки онҳо миллатҳои дигарро таҳамули дидан ва дар як фазо бо онҳо зиндагӣ карданро надоранд. Аъзои дастгиршудаи ТЭТ ҲНИТ Кузратов С.М ва Абдуллоев А.Г, ки аз рӯҳияи инсонбадбинӣ, таҳамулнопаирӣ ва фанатизми исломӣ тарбия ёфта буданд, моҳи июни соли 1994 дар шаҳри  Душанбе бо дастуру роҳбарони ифротии худ хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Хрестофоров Сергей Евгеневич, Захаров Александр Юревич ва ҳамчунин шаҳрвандони рустабор Кленова Флюра Бакировна, Онишок Татяна Александровнаро бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расониданд.

         Тааҷҷубовар аст, ки бо ин ҳама аъмоли ғайриинсонӣ, имрӯз фирориёни наҳзат аз озодии виҷдон ҳарф мезананд. Дар ҳоле ки дасташон олудаи хун асту тавони дидани дигарандешон, аққалиятҳои миллиро надоштанд ва аз ҳеҷ як куштори  ваҳшиёна худдорӣ накардаанд. Феълан ин гурӯҳ дар Аврупо бо роҳи шиорпартовӣ мехоҳанд аврупоиҳоро гул зананд, ки онҳо воқеан демократанд ва барояшон ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон “арзишманд” аст. Вале ин ҳарфҳо танҳо баҳонаест, ки худро аз қабзаи террористӣ орӣ нишон диҳанд ва аз ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои содир намудаи худ дар канор монда ба фаъолияти тахрибкоронаи худ идома диҳанд.

Н.Таваров, мудири бахш оид ба корҳои дин

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз