Main menu

ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ

Одамон аз дўсти ёбанд бахт,

Душмани орад ба мардум рўзи сахт.

          Оре, ҳар як тоҷик ва Тоҷикистонӣ ин маъниро дар вуҷуди хеш ҳис намуд. Истиқлолияте,ки барои мо муфт омада буд ва як туҳфаи яздони пок  буд,  вале  мо аз у самаранок истифода бурда натавонистем. Баъзе қувваҳои иртиҷоӣ бо мақсади манфиатҳои худ оммаро ба шўр оварда ба майдонҳо кашиданд ва оқибат халқро аз Ватан дур сохтанд садҳо деҳаҳо вайрон ва ҳазорҳо кудакон ятиму бе сарпараст монданд. Ҳаёти мардум дар ғарибиҳо дур аз Ватан бо мушкилӣ ва азобу шиканҷаҳои зиёд мегузашт ва азоби аз ҳама сахтар ин  ёди Ватан ва дур аз Ватан будан буд.

Эй бародар туҳмату таҳқир бас,

Варна баҳри қатли ман як тир бас.

Ранҷу дарди бешуморе дидаам,

Имтиҳону силии тақдир бас.

Бо нигоҳи меҳр бояд ҳарф гуфт,

Қилу қолу ханҷару шамшер бас.

Тоҷикистон то шавад обод боз,

Як дуои хайр хоҳи пир бас.

         Оқибат ақли солим воло гирифт ва бо фазли Яздони пок ҳарду ҷониб ба ифоқа омаданд, ки дар ин ҷодда кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят  бузург аст. Дар ҳақиқатан  хизматҳои ин шахси оқилу кордон такрорнашаванда арзёбӣ мегарданд.

Бесабаб нест,ки дар сифаташ гуфтаанд:

Сарҷам ҳама кардиву бахшиди амонӣ,

Дунёи адолат туи  Исмоили сонӣ.

         Бо кушишҳои шабонарўзии Ҷаноби Оли халқи парешонгашта бозпас  ба Ватан баргашта бо ғайрату ҳиммат харобаҳо обод шуданд, мактабҳои холӣ аз сари нав аз тифлакон пур шудаанд ва зиндагии осудаҳолона ба маҷрои худ баргашт.

Шукри поки номи одам мекунам,

Шукрҳо бар бешу бар кам мекунам.

Мекунам шукронаи ҳар некном,

Пеши модар меравам баҳри салом.

Шукри доду шукри нододи Худо,

Шукри барфу шукри борону само..

         Шукри  Худо бо  Сарварии Пешвои Муаззами миллат Тоҷикистон рўз аз рўз обод ва зебо шуда истодааст. Мардум дар ин фазои сулҳу дӯстӣ озодона нафас кашида истодаанд.

         Умед  аст, ки Тоҷикистони азизамон дар зери сиёсати пешгирифтаи ин марди оқилу шуҷоъ  аз ин  ҳам дида ободтару зеботар гардад.

С.Саидраҳмонов, директори МТМУ №17-и ноҳияи Шаҳритуз         

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз