Main menu

Бо пайравӣ аз Пешвои миллат

           Баъди ба Истиқлолият расидан, дар таърихи мо раванди нав сар шуд ва гурӯҳҳои муайян мехостанд ин равандро ба нафъи худ истифода баранд. Дар ин лаҳза дар ҷомеа ду идеология байни худ дар ҳолати зиддият қарор дошт. Якеаш 26 март то 17 майи соли 1992 митинги фавқулодаро дар майдони Шаҳидон ташкил намуд, ки вай дар зери шиорҳои сиёсии зидди ҳукумат ва дастгирии ба ном демократия мегузашт. Ҷавобан бар ин моҳи майи соли 1992 дар майдони Озодӣ митинг барпо гардид, ки иштирокчиёни он мавқеи ҳокимияти конститутсиониро дастгирӣ менамуданд. Ҳамин бархўрди идеологӣ боис шуд, ки дар ҷомеа ҷанги шаҳрвандӣ сар занад. Мамлакат ба 2 қисм ба ду гурӯҳ ҷудо шуда буд. Дар сари гурӯҳи ба ном нерӯҳои демократӣ  Ҳизби Наҳзати Ислом меистод, ки ба он Ҳимматзода М ва С. Нурӣ роҳбарӣ мекарданд. Ба қувваҳои оппозитсионии тоҷик “генерали мардумӣ” Саид Қиёмиддини Ғози роҳбарӣ менамуд.

         Шахсоне, ки ҳокимиятро бо роҳи ғайридемократӣ ва зўрӣ соҳиб шудан мехостанд, сабагори дар ҷумҳурӣ сар задани ҷанги шаҳрвандӣ шуда, бо амалҳои хоинонаву кутоҳандешонаашон боиси харобии мамлакат ва куштори ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ гардиданд.

          Акнун сарвари сиёсии кордон ва корозмудае лозим буд, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ роҳбариро ба зима гирад. Чунин сарвар, ки вазъи сиёсӣ ва низомиро бояд идора карда масъуляти таърихиро ба дўш мегирифт  Эмомали Раҳмон буд. Ў бо роҳи демократӣ ва қонунӣ дар Иҷлосияи 16-уми   Шурои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

          Дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди қувваҳои солими ҷомеа   дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он 27 июни соли 1997 дар ш. Москов Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризоияти  миллӣ дар Тоҷикистон бо имзоҳои  қабул гардид, ки зери он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  роҳбари мухолифини собиқ С.А Нурӣ ва намояндаи махсуси Дабири кулли СММ. Г.Д. Меррем имзо гузоштанд.

           Баъди  аз нав ба қайд гирифтани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон нафароне буданд, ки аз мақоми ишғолнамудаи худ дар ҷомеа сӯистифода,  намуда бо фатвову амрҳои зери ниқоби ислом мардуми хушбовару эътиқодманди моро барои пиёда намудани нақшаҳои аҳриманию хоинонаи худ ва хоҷагони хориҷиашон роҳнамоӣ намуданд.

            Мо бо аҳли ҷомеа, аз он ҷумла омўзгорон, табибон ва қишрҳои дигар  филми «Решаҳои ноаён»-ро тамошо намуда, бо нақшаю мақсадҳои пасипардагии роҳбарони ҲЭТ НИТ аз наздик ошно шудем. Фаҳмидем, ки онҳо дар пайи ободиву шукуфоии ҷумҳурии азизамон  набуда, бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро бори дигар ба хоку хун кашида мазҳабу равияҳои дигарро ба сари мардуми мо иҷборан бор намоянд.      Ҳоло мардуми мо бо ҳидояту роҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории сулҳу субот дар саросари мамлакат пайваста талош варзида, неъматҳои бебаҳо - Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро пос медоранду қадршиносӣ менамоянд.

Қ. Ҳамроев директори  МТМУ №10          

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз