Main menu

Чорабинии пурмуҳтаво

          Дируз масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дарноҳияи Шаҳритуз  дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии  таълимии «Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шаҳритуз» бо иштироки роҳбарият, устодон ва беш аз 250 нафар хонандагони муассиса   ҷамъомад доир намуданд.

            Дар чорабинии мазкур ба ҳозирин филмҳои мустанади телевизионии  «Решаҳои ноаён» ва «Бозгашт аз ҷаҳаннам» намоиш дода шуданд.Ҳамзамон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия С.Лоиқов, сардори шуъбаи КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз  Қ.Давлатов, сармуҳаррири рӯзномаи  «Субҳи Шаҳритуз» А.Фаттоҳ, директори Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шаҳритуз Л.Ҷӯраева  дар назди иштирокчиёни ҳамоиш суханронӣ намуданд.

           Зимни  баромадҳо қайд гардид, ки дар шароити имрӯза аз ҳар як шаҳрванд тақозо карда мешавад,  дар такя ба ҳидояту суханҳои роҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи шаҳрвандон бахусус ҷавонон, ки ояндасозони ҷомеаву давлатанд,  ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ақли солим корҳои созандаву ро  ба манфиати давлату миллат роҳандозӣ намоянд.

          IMG_9227.JPG  Инчунин ба аҳли толор фаҳмонида шуд, ки дар натиҷаи корбарии шабонарӯзию ҷоннисоронаи макомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бахусус кормандони  Кумитаи давлатии амнияти ҷумҳурӣ маълум гардид, ки роҳбарияти Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон  бо маблағгузории хоҷагони хориҷии худ  бахусус Ҷумҳурии исломии Эрон  мехостанд дар Тоҷикистон бо роҳи табадуллоти давлатӣ  давлати исломии шиамазҳаб таъсис диҳанду боз ҳазорон шаҳрвандонро ба хоку хун кашида, сулҳу салоҳи бо душворӣ дар кишварамон  ба даст омадаро аз байн бубаранд.

             Хушбахтона  эшони Қиёмиддини Ғозӣ ва дигар сарварони хиёнаткори ин ҳизби террористӣ ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд. Онҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳукуқ дастгир ва барои аъмоли  хоинонаю ватанфурӯшонаашон ба муҳлатҳои тӯлонӣ ҳабс гардиданд. Таъкид шуд, ки алҳол сарварони мухолифини дар хориҷа қарор доштаи тоҷик аз қабили Муҳиддин Кабирӣ, Гадоев ва дигарон бо таъсиси ҳаракати «Паймони миллӣ…» боз хостгори онанд, ки бо ҷалби шаҳрвандони дар хориҷа қарор дошта, дар муқобили давлати тенҷу ороми Тоҷикистон   ва сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбарияти он  қарор гирифта, бо мақсади пиёда кардани ҳадафҳои хоҷагони хориҷиашон боз мулкро ноорому мардумро сарсону саргардон намоянд. Вале чуноне км барҳақ таъкид гардидид, мардум аз воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта сабақи калони таърихӣ гирифтаанд ва намегузоранд оромии кишвар халалдор гардад.

             Дар фароварди чорабинӣ директори Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шаҳритуз Л.Ҷӯраева  иброз дошт, ки роҳбарияти муассисава омӯзгорону хонандагон  аз чорабинии  мазкур хулосаи даркорӣ бароварда, дар оянда кӯшиш менамоянд бо андешидану татбиқаи амали чорабиниҳо корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро пурзӯр намуда, шогирдонро дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихори миллӣ тарбия менамоянд.

"Субҳи Шаҳритуз"

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз