- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Фитнаангезӣ бадтарин гунох аст.
Пан, 09/20/2018 - 18:24
Худованд дар сураи Иброхим ояти 42 мефармояд ..Ва Худоро аз он чи ситамкорон мекунанд бе хабар мапиндор ҷуз ин нест ки онхоро барои рӯзе мавкуф медорад, ки дар онҳо чашмҳо хира шаванд.. Ва инчунин Худованд дар дигар ҷой мефармояд ..Фитнаангезӣ гуноҳи сахтар аст аз одамкушӣ..
Имрӯзҳо фитна ва иғвои навбатие ки ташкилоти экстремистӣ- террористӣ Хизби нахзати исломӣ ба номи Паймони миллии Тоикистон гӯё ташкил карданд воқеанд як шармандагӣ, як беномусӣ, ва бефарҳангиро нишон медихад
Мо хуб дар хотир дорем ки наҳзатиҳо солхои 90-уми асри гузашта кишвари маҳбуби амну осудаи моро зери таъсири хоҷагони хориҷии худ ба харобзор табдил дода садҳо ҳазор мардуми бе- гуноҳро ба мудҳиштарин ваҳшонияттарин воситахо ба қатл расонида буданд, ки дар натича беш аз 150 000 кушта миллионхо нафар гурезашуда дар натича дар Афғонистон қабристонҳои бузурги точикони бесарпаноҳу фирорӣ пайдо шуданд.
Пешвои Муаззами Миллат, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар иҷлосияи 16-ум баъди ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон интихоб гардидан ва ин масъулияти муҳиму нангинро дар он шабу рӯзе, ки зимоми давлатдорӣ аз даст рафтаву яроқдор давлатро идора мекард ба уҳда гирифтан кори ҳар ҷавонмард набуд. Ба ҳамаи ин сахтиҳову душвориҳо нигоҳ накарда ин абармард, баъди ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданаш ва зимоми давлатдориро ба уҳда гирифтанаш ваъда доданд, ки мо ҳама дар якҷоягӣ Тоҷикистонро аз вартаи нестшавӣ ва миллатро аз парокндагӣ эмин нигоҳ медорем, ман сидқан ваъда медиҳам, ки барои Шумо сулҳ меоварам, то охирин фирорие, ки аз хоки Ватан берун рафтааст ба Ватан барнагардонам худамро ором ҳис намекунам. Тамоми гурезагонро ба Ватан овард. Амнияти онҳоро таъмин кард. Пешвои Миллат ба хотири сулҳу салоҳ авфи умум кардаанд ба хотири истиқрори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ аъзоҳои мухолифинро ба вазифаҳои баланди мақомотӣ, ки яке аз талаботҳои иттиҳоди мухолифин буд ба миқдори 30 фоиз таъин намуданд.
Оё ин ношукрӣ нест. Ҳизбе, ки баъд аз бахшидани тамоми гуноҳояашон соли 2015 бори дигар кушиши табадулоти давлатӣ бо сарварии ҳоҷи Ҳалим Назаров карданӣ шуданд, вале хушбахтона тирашон хок хурду ба мақсадашон нарасиданд.
Роҳбари ҲЭТ ҲНИТ ё номи нави он Паймони Миллии Точикистон, Муҳиддин Кабирӣ бо амали дар охири моҳи июли соли равон содир намудаашон мехостанд саёҳонро аз Точикистон дур сохта Ватани моро хамчун минтақаи ноамн муаррифӣ созанд вале ба мақсад нарасиданд.
Олими барҷастаи математик гуфтааст: “Аз иваз намудани ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағир намеёбад”, ин барҳақ аст. Мо низ бо боварии комил гуфта метавонем, ки аз дигар намудани номи ҳизб, агар дилу ниятро пок насозем, фитнаро аз қалб дур нанамоем нияти хуберо интизор шудн имконпазир аст.
Дар охир ба Шумо роҳгумзадагон, ватангумкардагон, нафароне, ки дар хориҷи кишвар истода миллату меҳани худро бадгӯи мекунед, манзурам роҳбари ҲЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ва шумо нафароне, ки иттиҳоди Паймони Миллии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намудаед Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов аз даргоҳи илоҳӣ талаб менамоем, ки Шуморо ба роҳи рост ҳидоят намояд, эътиқоду эҳтироми самимии миллату меҳанро ба Шумо арзонӣ дорад. Ягона роҳе, ки Шуморо аз оворагию сарсонӣ ва дарбадарӣ халос месозад ин ба Ватан баргаштану ба гуноҳҳои худ иқрор шудан аст. Фаромӯш набояд кард, ки ватану миллат шумоён барин гандумнамоёни ҷавфурӯшро на ябору ду бор дидааст.
Ҳ. Муродов сархатиби масчиди
ҷомеи марказии н.Шахритуз