Main menu

Ҳадафи нопок

           Аз ҷумлаи  масоили асосие, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ва Пешвои муаззами миллат қайд гардид, таъкиди нооромии вазъи сиёсии чахони муосир буд.

         Аз таърих маълум аст, ки дар гузашта барои ноором гардонидани мамолики чахон лашкаркашони хунхор ба мисли Искандари Мақдуни, Чингизхон, Темури ланг кӯшиш намуданд, лек ягон нафари онхо ба муроди хеш нарасиданд. Лашкаркашони номбурда дар асрҳои гуногун барои нест кардани мардуми тоҷик ҷиддан машғул шуда буданд, аммо дар он давру замон мо мардуми  далеру часур ба монанди Исмоили Сомонӣ, Темурмалик қаҳрамонон доштем, ки пеши ҳадафҳои онҳоро барои ба мақсад расидан гирифтанд. 

          Дар даврони имрӯза ҳам, гурӯҳе аз роҳбарони ҲЭТ ҲНИТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд  сулҳу суботро дар Тоҷикистон боҳам зада вазъи орому зиндагии осоиштаи мардумро ноором созанд. Вале ба ин гурӯҳе, ки ин мақсадро дар дил доранд гуфтанием,  зӯри беҳуда миён мешиканад ва шоири ширинкалом ҳам ҳам дар ин ҷодда бисёр хуб фармудаанд:

                          Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чун баҳр,

                          Зуд бошад, ки сари хеш чун гирдоб хӯрад.

           Ҳодисаҳои хунину нангине, ки Шумо солҳои 90-уми қарни гузашта ба сари кишвару миллат овардед аз дилу дидаи мардум дур нагардидааст. Таъриху миллат шуморо ба ҳеҷ ваҷҳ намебахшад. Тоҷикистон ин Тоҷикистони солҳои 90-ум нест. Вақти он расидааст, ки шумоён бояд дар назди имону виҷдони хеш ва таърих барои он бадбахтиҳое, ки ба сари кишвару миллат овардед ҷавоб гӯед. Ҳамаи ҳаракатҳои аҳмақонаи Шумо, ки имрӯз дар хориҷи кишвар ба самъи ҷаҳониён нишон дода истодаед, ғайр аз бефаросатии Шумо, дигар чизеро ҷаҳониён дар шахсияти Шумо дида наметавонанд.

          Танҳо ҳаминро ба Шумо гуфтанием, ки Тоҷикистону миллати тоҷик Раҳнамо дорад, мо бо Пешвои муаззами худ ифтихор дорем, Тоҷикистонро баробари ҷони хеш, сидқан дуст медорем ва мисли гавҳараки чашм муҳофизат менамоем, мо ҷавонони содиқ ба ватанем                  

Х. Курбонов  и.в.директори мтму №4

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз