Main menu

Дороии инсон ин ватандорист

              Тавре, ки мову шумо огоҳӣ дорем,  пойдорӣ, амнияту осоиштагӣ, файзу баракат ва бақову обрӯи ҷовидонаи ҳар як халқу миллат дар  инсондустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, дур кардани кинаву  қудурат, ҳифз намудани  маданияту  маърифат ва ёд аз гузаштагони бузурги  миллати хеш мебошад. Баъди ноил шудан ба  Истиқлолияти давлатӣ ҳаёти халқи тоҷик маҷрои тозае ба худ касб гирифта.

             Халқи кишвар ба дини мубини Ислом ҳамчун як сарчашмаи поку беолоиши маънавӣ, руҳонӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузоранд. Аммо  мутаасифона имрўзҳо  нафаронеро аз тариқи   расонаҳо огоҳ шудем, ки аз номи  Исломи муқаддас сухан мегўянд. Динро сӯиистифода ба манфиати ғаразҳои нопоки худ менамоянд. Махсусуан дар рўзи  Иди фархундаи миллати тоҷик, ки Истиқлолияти давлатӣ буд,  иғвогарони ТЭТ Ҳ.Н.И. дар шаҳри Варшава гирд омада иттиҳодияи  намояндагон 4-гурӯҳҳро таъсис дода мехоҳанд ба ин васила бозиҳои пасипврдагии худро идома бахшанд. Муҳидин Кабирӣ - раиси ҳизби ТЭТ ҲНИ кӯшиш ба харҷ дода ба ҳизби дарболо зикр гардида ҷомаи нав пушонида бо номи “Паймони миллиии Тоҷикистон” онро номгузорӣ намуд. Як мақоли  тоҷикӣ ҳаст, ки «Озмударо озмудан хатост»

Ва пайғамбар (с) мефармояд:

            «Ба якдигар ҳасад набаред; ва ба якдигар кина нагиред; ва ба якдигар душманӣ накунед; ва баъзе аз Шумо бар савдои баъзеи дигаре  савдо  накунед; ва  бандаҳои  худоро  бародар бошед; Мусулмон  бародари мусулмон аст, бар ў зулм накунед, ўро хиёнат накунед, ўро  таҳқир накунед. Тақво анна ин ҷост – ва ба  синаи худ се бор ишорат кард – «аз бадӣ  ҳамин мардро басанда аст, ки бародари  мусалмониро  нописандӣ кунад  (ҳуқуқи)  ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ӯ  ва моли ӯ ва шарафу обрўи ӯ» Ҳадисро Имом Муслим ривоят кардааст.

            Биёед аз Худованд сидқан битарсем ва даст дар болои дил гузошта фикр кунем, ки ба хотири ризогии Худованд бар халқи  Худо  чи хизмате кардем, шоире  мефармояд «Ҳар шаб зи худ бипурс гар ту мардӣ, имрўз чӣ хизмате ба мардум кардӣ».

             Ҳар як хизмати хиросна бе посух намондааст, хиёнатеро, ки шумоён солҳои 90-уми қарни гузашта ба сари мардуми кишвар овардед, ватанро ба хоку хун кашидед аз дилу дидаи  мардум нарафтааст. Оҳу фиғони занони бешавҳар монда, гиряи зори тифлони бепарастор монда бе асар нест. Ҳамаи ин оворагардиҳо аз ватану аҳлу ақрабо дур афтоданҳо, гарданкаҷу дар хиҷолат буданҳо ин ҳама сабаб оҳу фиғони ана ҳамон дармондагон ҳаст, ки имрӯз Худованди мутаол барои шумоён насиб гардонидааст. Шумо дигар аз номи халқи Тоҷикистон ҳақи маънавии сухан кардан надоред, фаромӯш накунед,  халқи Тоҷикистон Раҳнамо, Пешвои муаззами миллат дорад, ки  халқу ватанашро соҳибӣ мекунад, намегузорад, арзишҳои миллие, ки ба монанди Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ насибамон гаштааст ва сулҳу суботи моро побарҷо намудаанд касе моро халалдор созад. Шумо акнун дар назари  Тоҷикистониён ҳамон “прандагони хушхон” дар қафасед, ки мардум майли шунидани овози Шуморо надоранд ё ба ибораи дигар аз он безоранд.

             Ба шумоён ватангумкардагон ва дар орзӯи ватан хору залил гаштагон гуфтанием:

Беҳтарин ҳарфи муҳаббат Ватан аст,

Меҳру ихлосу садоқат Ватан аст.

              Ҳоло ҳам дер нашудааст кинаву фитнаро аз қалб дур намуда ба ватани аҷдодӣ баргардед, аз миллату меҳан узр пурсед, шояд омурзишу бахшиш ва хоки Ватан насибатон гардад, вагарна не, фардо дер мешавад.

 Ҳ. Муродов  сархатиби  Масҷиди ҷомеи 

               марказии ноҳияи Шаҳритуз

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз