- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Иттилоъ оиди Иҷлосияи 16-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати панҷум)
Душ, 10/01/2018 - 18:23
27-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи 16-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум) доир гардид. Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Р.Оймаҳмадзода ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки аз 40 нафар вакилони халқи ноҳия 3 нафарашон бо сабабҳои узрнок ҳузур надоранд. Инчунин зикр гардид, ки дар кори иҷлосия муовинону раиси Дастгоҳи ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомони намозҳои панҷвақта ва масҷидҳои ҷомеи ноҳия, масъулони ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ даъват шудаанд.
Сипас вакилон котиботи иҷлосияро дар ҳайати Х. Сафарзода (вакил аз ҳавзаи интихоботии №39)-раиси котибот, У.Муроталиев (вакил аз ҳавзаи интихоботии №16), О.Юсупов (вакил аз ҳавзаи интихоботии №38)-аъзои ҳайати котибот интихоб намуданд.
Дар иҷлосияи 16-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум) масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
Рўзномаи иҷлосия
1.Ҳисоботи раиси комиссияи интихоботии ноҳияи Шаҳритуз оиди интихоботи вакил ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз ба ҷои вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №20 -и ноҳияи Шаҳритуз ва тасдиқи ваколати вакили нав интихобшуда.
2. Доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2014, № 506 «Дар бораи Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2018»дар ноҳия
3.Ҳисоботи прокурори ноҳияи Шаҳритуз
4. Ҳисоботи сардори нозироти андози ноҳияи Шаҳритуз оид ба иҷрои талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз «Оид ба одоби вакилон»
6. Дар бораи муқаррар намудани меъёри пардодохти маҳаллӣ дар ҳудуди шаҳраки Шаҳритуз
7. Дар бораи тасдиқи намудани қарорҳои қабул намудаи раиси ноҳияи Шаҳритуз
Оиди масъалаи аввали дар рўзномаи иҷлосия дарҷ гардида, раиси Комиссияи интихоботии ноҳияи Шаҳритуз Ҳ. Шаропов баромад карда, қайд намуд, ки рӯзи 2сентябри соли ҷорӣ дар ҳавзаи интихоботии № 20, деҳаи Бинокори ҷамоати деҳоти Обшорон ба ҷойи вакили хориҷ шуда интихоботи номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз- Раҷабзода Меҳринисо – муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз, пешниҳод гардида, дар ҷамъбасти интихобот номзад ба вакилӣ Раҷабзода Меҳринисо бо ба даст овардани раъйи қариб 80 фоизи овозҳои интихобкунандагон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз интихоб гардид.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Р.Оймаҳмадзода вакили нав интихобшуда М.Раҷабзодаро барои ба боварии аксари интихобкунандагон сазовор шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар вазъияти ботантана Шаҳодатномаи вакилӣ ва нишони сарисинагии вакилиМаҷлиси халқи ноҳияи Шаҳритузро супурд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми ҷаласа директори КДФ хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия Қ. Розиқов баромад кард. Сипас аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия прокурори ноҳия У.Каримзода ҳисобот ироа кард. Аз рӯйи масъалаҳои чоруму панҷуми иҷлосия Ҳисоботи сардори нозироти андози ноҳияи Шаҳритуз З.Қодиров ва вакили ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 26, мудири шуъбаи маорифи ноҳия К.Очилдиев шунида шуд.
Вакилии ноҳия, муовини роҳбари Бонки давлатии амонатгузории ноҳия Б.Турсунмуродзода аз рӯйи масъалаи шашуми рӯзномаи иҷлосия “Дар бораи муқаррар намудани меъёри пардохти маҳаллӣ дар ҳудуди шаҳраки Шаҳритуз”баромад кард.
Аз рӯйи ҳисобот ва масъалаҳои дар рӯзнома дарҷ гардида раиси шаҳраки Шаҳритуз Б.Файзуллозода, прокурори ноҳия У.Каримзода ва дигарон ба музокира баромаданд.
Сипас вакилон дар робита ба масъалаи ҳафтуми рӯзномаи иҷлосия қарорҳои қабул намудаи раиси ноҳияи Шаҳритузро тасдиқ намуда, доир ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳоимияти давлатии вилояти Хатлон, мутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Бекназар Нурхонов иштирок ва суханронӣ кард.
«Субҳи Шаҳритуз»