Main menu

Аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо сокинони шаҳри Хоруғ натиҷагириҳои назаррас баназар мерасанд:

           Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни сафараш ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рӯзи 15-уми сентябр дар боғи марказии шаҳри Хоруғ бо мақомот ва фаъолони шаҳр вохурӣ доир намуда  нисбати набудани тартиботи ҷамъиятӣ дар Хоруғ изҳори нигаронӣ намуда ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Сабаб ин буд, ки дар давоми чанд рӯзи гузашта дар вилоят ҳадди аққал 12 мақом дар ҳукумати маҳаллӣ ва сохторҳои интизомии вилоят аз вазифаҳояшон барканор гардида масъулини нав ба ин вазифаҳо таъин гардиданд. Барои ба эътидол овардани тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳр мақомоти қудратӣ ва масъулини тозатаъин гардида рейдҳои махсуси ошкор намудани мошинҳои сиёҳшиша, берақам, нафарони шубҳанок ва ҳам ҳолатҳои нигоҳдории ғайриқонунии силоҳро ба роҳ монданд. Аз рӯи таҳлилу маълумотҳо бармеояд, ки ҳанӯз ҳам дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба амалиётҳои хунину нангини хеш хотима набахшида мақсадҳои нопоки хешро мехоҳанд амалӣ созанд. Ин гурӯҳҳо нафароне мебошанд, ки барои онҳо ватану миллат арзише надошта аз хориҷи кишвар роҳандозӣ мегарданд. Мардуми шаҳри Хоруғ барои беҳтар гардидани вазъ аз ҳамаи аъзои ҷомеа бахусус зиёиён истифода намуда барзидди хоинони миллату меҳан муборизаи беамон роҳандозӣ намоянд. Роҳбарияти вилояту шаҳрро низ зарур аст, ки ситоди муштараки ниҳодҳои қудратиро таъсис дода ба ин восита яроқҳои ғайриқонунии силоҳбадастонро поккорӣ намоянд. Инчунин доир ба масъалаҳои таъмини волоияти қонун дар шаҳри Хоруғ, муборизаи беамон бар зидди қочоқи маводи мухадир ва барои пешгирӣ аз майзадагӣ бурда, корҳои ташвиқотию тарғиботиро пурзӯр намудапеши роҳи ҳамагуна қонуншиканиҳоро гиранд. Чи таврае, ки дар мулоқот Раиси ҷумҳур зимни интиқод аз вазъи  тартибот дар  Хоруғ гуфт, “фармон додам, ман ба уҳда мегирам, лозим шавад, қувваҳои мусаллаҳро истифода кунед, Бас будагист”. Бояд ёдовар шуд, ки соли 2012, баъди куштори раиси идораи амнияти Бадахшон дар минтақа амалиёти ҳарбӣ ва дар чаҳорчуби он амалиёти халъи силоҳ гузаронида шуда буд. Вале изҳороти ахири президент дар бораи он ки дар дасти сокинон ва “ҷинояткорони маҳаллӣ” силоҳ мемонад суолҳои зиёде эҷод кард. Чунончӣ силоҳ чӣ гуна ба дасти сокинон афтодааст бо кадом мақсад нигоҳдорӣ мешавад. Да ҳамин мулоқот, ки дар боғи марказии Хоруғ бо иштироки садҳо нафар ҷараён гирифт, президент ба  раиси вилояти Бадахшон ва дигар мақомоти вилоят як моҳ муҳлат дод, ки тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонунро дар шаҳри Хоруғ барқарор кунад вагарна курсиҳояшонро холӣ мекунанд. Инчунин Пешвои миллат дар назди онҳо шарт гузошт, ки агар як ҷиноят беҷазо монад ягон нафари онҳо дар вазифааш кор намекунанд.

              Аз рӯи маълумоти бархе аз сарчашмаҳо маълум мегардад, ки сокинони шаҳри Хоруғ дар як ҳафтаи ахир  тағироти зиёдеро мушоҳида мекунанд. Сокини шаҳри Хоруғ, Масрур Наврӯзшоев дар суҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ мегӯяд аввалин тағйиротҳои асосӣ ин нопадид шудани мошинҳои сиёҳшиша ва берақам аз кӯчаҳо ва аз байн рафатани тамбашавӣ дар роҳ мебошад. Бештари мошинҳо акнун тарсида ба кӯча намебароянд, чун ҳуҷҷати ронандагӣ надоранд. Мардум дар кӯчаҳои шаҳр озод сайру гашт доранд ва иқдоми Сарвари давлатро ҷонибдорӣ менамоянд. Аз ҳисоби зиёиён гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил гардида дар маҳалҳо бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд, қонуни “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”-ро ба мардуми маҳалл фаҳмонида онҳоро водор  месозанд, ки фарзандони хешро дар рӯҳияи ватандустӣ, инсондӯстӣ тарбия намуда ахлоқи ҳамидаи инсониро ба онҳо омӯзанд. Ба қадри хизматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат ва сиёсати бунёдкоронаю созандаи ин абармард расанд. Сулҳу субот ва ободиеро, ки бо шарофату дастгирии Пешвои муаззами миллат насибашон гаштааст пос доранд.

                 Дар охир ба мардуми  сарбаланду фарҳангдӯстӣ Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, махсусан шаҳри Хоруғ гуфтанием, ки Шумо низ як порае аз Тоҷикистонед, насиҳатҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба он гурӯҳҳое, ки то ҳол дар дил кинаю фитна доранд гӯшрас намуда аз тамоми имкониятҳо истифода намоед то ин гурӯҳҳо аз роҳи пешгирифтаашон баргашта ҳаёти осоиштаро пеша намоянд.

С.  Лоиқов мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ

 ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия:                      

М.Гадоев имомхатиби масҷиди ҷомеаи

ба номиҲазрати Али дар Ҷамоати

деҳоти ба номи Ҷ.Назаров

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз