Main menu

Супурдани Ифтихорномаҳою медалҳо ба варзишгарон

          1 октябр дар ҳаёти варзишии ноҳия рӯзи хотирмону таърихӣ маҳсуб мешавад. Дар ин рӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қабл аз шуруи ҷаласаи назоратӣ раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода эълон дошт, ки дастаи футболи «Чашма»-и ноҳия барои ишғол намуданӣ ҷойи сеюм дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои кӯдакон ва наврасони синни 17-солаи вилояти Хатлон таҳти сарварии сармураббӣ Қобилҷон Умаров ва мураббӣ Шакарҷон Эркабоев сазовори ҷойи сеюм гардида, ҳамаи аъзои дастаи мазкур шарафёби  медали баринҷӣ ва Ифтихорномаи раиси федератсияи футболи вилояти Хатлон гардиданд.

        IMG_0130.JPGРаиси ноҳия инчунин иттилоъ дод, ки дастаи варзишгарони мактаби варзишии ноҳияи Шаҳритуз рӯзи 26 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе  дар чемпионати байналмилалӣ  аз рӯйи намуди каратэ-кийкушинкай фаъолона ширкат варзида, ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуданд. Аз хайати дастаи мазкур 4 нафар сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ  гардидида, мураббии онҳо варзишгари маъруф Пайрави Шаҳкор бар ҳамаи ҳарифиони тоҷикистонию қирғизистонӣ ва узбекистониаш дастболо шуда шаррафёби медали тилло ва ба гирифтани Ифтихорномаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон сазовор гардидааст.

         Раиси ноҳия дар вазъияти ботантана ба дастаи футболи «Чашма» ва ғолибони чемпионати байналмилалӣ  аз рӯйи намуди каратэ-кийкушинкайи ноҳия Ифтихорномаҳою медалҳояшонро супорид.

«Субҳи Шаҳритуз»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз