Main menu

Ба хизмати ҳарбӣ бо дуои нек

         1 октябр  дар майдони Исмоили Сомонии маркази ноҳия  бахшида ба сафарбаркунии тирамоҳии навдаъватон ба хизмати ҳарбӣ ҷамъомади ботантана доир гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарони ноҳия, масъулони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия,роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, волидон ва ҷавонони синну солашон ба хизмат расида, ки аксарашон ихтиёриён буданд, ширкат варзиданд.

         IMG_0152_0.JPGДар ҷамъомад раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода баромад карда, нахуст аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  саҳми босазои ӯ дар таъмини сулҳу салоҳи кишвар ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолият ва марзу буми кишвар қарзи шаҳрвандию фарзандии ҳар як соҳибватан мебошад. Ӯ бо камоли боварӣ иброз дошт, ки ҷавонони ноҳияи Шаҳритуз бо сари баланд хизмати модар –Ватанро ба ҷо оварда, бо хизмати аъло ба халқу Ватан содиқ будани худро дар амал собит менамоянд. Ҳамзамон раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Н.Ғуломҳайдаров ва сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳия Ҳ.Муродов, омӯзгор, падари яке аз навдаъватон аз ҷамоати деҳоти Пахтаобод А.Каримов ба ҷавонон-сарбозони оянда дуои нек дода, ба онҳо дар адои хизмати сарбозӣ сарбаландию сарафрозӣ ва комёбию муваффақиятҳои беназир орзу намуданд.

         Сипас бори аввал дар ноҳия маросими «Кулчагазон» бо иштироки 38 нафар навдаъватон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.

       Дар анҷом ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия  бо таронаю сурудҳои дилнишин хотири наваскарону волидони онҳоро болида гардониданду баъдан сарбозони оянда савори «Газел»-ҳо ҷониби маркази вилоят роҳ пеш гирифтанд.

«Субҳи Шаҳритуз»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз