- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Натиҷаҳои шашмоҳаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия
Шан, 10/06/2018 - 16:25
Дар санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, имомони масҷидҳои панҷвақтаю ҷомеъ, роҳбарони ташкилоти ҷамъиятӣ, роҳбарони бонкҳои қаламрави ноҳия ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи ноҳия ҷаласа «Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз дар 9- моҳаи соли 2018 ва вазифаҳо дар семоҳаи чоруми соли 2018» баргузор гардид.
Пас аз ифтитоҳи ҷаласа аз ҷониби раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон муовини аввали раиси ноҳия Д.Нишонзода дар назди ҳозирон бо ҳисобот баромад кард.Ӯ фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро дар 9 моҳи сипаригардида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, доир ба бурду бохти ҳар як соҳа батафсил маълумот ироа кард.
Сипас дар робита ба муҳтавои ҳисоботи мазкур ва камбудию нуқсонҳою масъалаҳои ҳалталаби дар соҳаҳои гуногун ҷой дошта раиси ноҳия аз раисони шаҳраку деҳот, раиси кумитаи замини ноҳия А.Ҷумаев, сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Шаҳритуз А.Урунов, сардори нозироти андози ноҳия З.Қодиров, мудири шуъбаи маорифи ноҳия К..Очилдиев, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия М.Мӯсоев, сардори Агентии омори ноҳия Ф.Султонова, роҳбарони бонкҳои давлатию хусусии қаламрави ноҳия ва дигар шахсони масъул пурсишҳо намуда, ба онҳо барои дар кутоҳтарин муҳлат бартарафу рафъ намудани камбудиҳояшон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҷаласаи мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон М.Раҷабзода иштирок ва баромад кард.
Дар охир бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти ироагардида қарори дахлдор қабул карда шуд.