- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Тантана бахшида ба таҷлили Рӯзи забон
Шан, 10/06/2018 - 16:31
Рӯзи 5 октябр дар Қасри фарҳанги ноҳия бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана доир гардид. Дар ин чорабинӣ мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, раисони маҳаллаҳо, кормандони соҳаҳои фарҳанг,маорифу тандурустӣ, руҳониён, масъулони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сарварони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳли ҷомеаи ноҳия ширкат варзиданд.
Нахуст раиси ноҳия Оймаҳмадзода Рамазон Алихон бо Паёми табрикӣ бахшида ба «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад кард.Ӯ зимни суханрониаш аз таърихи забони миллӣ, рушду нумӯи он дар тули асрҳо, хизмати адибону олимони барҷастаи миллат ва саҳми онҳо дар ташаккул ва ғанӣ гардонидани забони тоҷикӣ ёдовар шуда, аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки баҳри боз ҳам боғановат гардонидани ин лафзи ширину шево пайваста кӯшиш намоянд. Раиси ноҳия ҳамзамон аз масъулини ноҳия тақозо намуд, ки бо андешидани чораҳои муассиру мушаххас ва эҳсоси баланди масъулияту ватандӯстӣ дар татбиқи Қонуни забон саҳми арзишманд гузоранд.
Дар қисмати дуюми чорабинии фарҳангӣ ҳунармандони ноҳия ва шогирдони мактаби мусиқии бачагонаи ноҳия дар ситоиши забони тоҷикӣ, Ватан, Тоҷикистон, шеъру сурудҳо хонада, бо барномаи хушранги консертӣ ва саҳначаи ҳаётӣ хотири ҳамагонро шоду руҳашонро болида гардониданд.