Main menu

Озмуни «Сад ранги чакан»

             Рӯзи  26 октябр бо ибтикори мақомоти иҷрояи  ҳокимияти давлатии  ноҳия  дар Қасри фарҳанги шаҳраки Шаҳритуз  бо иштироки  духтарону бонувони ноҳия бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Озмуни «Сад ранги чакан»  баргузор гардид.

         Дар оғоз дар назди Қасри фарҳанг аз ҷониби ҳунармандони  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳунарҳои мардумӣ аз қабили дӯзандагию бофандагӣ, қуроқдӯзию гилембофӣ, кулолгарӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд, ки дар қатори раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода, муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода даҳҳо нафар сокинони ноҳия аз онҳо дидан карда, ба ҳунари ҳунармандони мардумии ноҳия баҳои баланд доданд.

          IMG_2002_0.JPG Дар толори Қасри фарҳанги маркази ноҳия иштирокчиёни Озмуни «Сад ранги чакан» аз рӯйи намудҳои  Либосҳои миллии кӯдакона, куртаи чакан, либосҳои кӯдаконаи попурӣ, куртаҳои атлас ва либосҳои расмӣ ё худ кориро  ба ҳозирин пешкаш намуданд.

         Сипас аз ҷониби ҳунармандони театри давлатии ноҳияи Данғара  саҳначаи ҳаҷвӣ манзур гардид, ки ба  мавзӯи  рӯз бахшида шуда буд. Чорабинӣ дар сатҳи баланд доир гардида, ба ҳамагон таассуроти нек боқӣ гузошт.

 Баҳриддин Ҷабборов, донишҷӯи соли 1-уми бахши рӯзноманигории  ДМТ

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз