- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
“Нақши оила дар рушди сайёҳӣ”
Ҷум, 11/02/2018 - 18:09
Санаи 31-уми октябри соли 2018 дар ноҳияи Шаҳритуз барномаи сиёсӣ фарҳангӣ таҳти унвони “Нақши оила дар рушди сайёҳӣ” бо иштироки сардори шуъбаи Раёсати Асноди Ҳолати Шаҳрвандӣ-и Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикисон З. Сафарзода, мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати Асноди Ҳолати Шаҳрвандӣ-и Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикисон Г. Давлатзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз М. Раҷабзода, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Шаҳритуз Ф. Раҷабзода мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз барузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳунармандони мардуми аз қабили дуредгар, ресанда, бофанда, кашидадӯз, кулолгар, сандуқсоз инчунин маҳсулоти ватании корхонаи атласу адрасбароии “ДУК” дар ноҳияи Шаҳритуз ва ғайра аз ҳар гуши ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсули дасти худро ба марази тамошо гузоштанд.
Чорабиниро сардори шуъбаи Раёсати Асноди Ҳолати Шаҳрвандӣ-и Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикисон З. Сафарзода, бо маърузаи худ ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки чун сухан аз оила меравад бояд зикр намуд, ки асоси ҳастии миллат ва рушду нумуи давлат аз оила оғоз мегардад ва неруи оилаи солим метавонад зиндагии инсонҳоро то ба маҷрои зарур то ба манзили муроду паймонҳо бурда расонад. Чунонеки мегуянд ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад. Ва мо низ ҳамчун як ҷузве вз ҷомев бояд барои бунёд намудани оилаи солим ва пойдор мондани он тамоми саъю талоши худро намоем, чун ҳеҷ як нафар бе доштани оилаи солим комил намегардад. Дар ин росто бақия аҳли раёсат изҳори ақида намуданд.
Зимни чорабинӣ аз тарафи бахши Сабти Асноди Ҳолати Шаҳрвандии ноҳияи Шаҳритуз ба чаҳор оилаи навбунёд туҳфа ва шаҳодатномаи ақди никоҳ супорида шуда, ба фаъолони ноҳия ҷиҳати саҳми арзанда гузоштан дар рушди маърифати оиладорӣ миёни ҷавонон ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.
Дар поёни барнома ҳунармандони қасри фарҳнги ноҳия бо созу навои дилнишини худ хотири аҳли нишастро болида гардониданд.
"Субҳи Шаҳритуз"