- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Медали биринҷии Муҳаммади шаҳритузӣ дар сабқати ҷаҳонӣ
Ҷум, 11/16/2018 - 09:24
Якчанд рӯз қабл дар ноҳия мураббии варзида Пайрави Шоҳкорро бо шогирди арзандаааш Муҳаммад Назиров дар ноҳия бо гулу гулдаста самимона истиқбол гирифтанд. Муҳаммади 10-сола, толибилми МТМУ-и №1-и ноҳияи Шаҳритуз бо мураббиаш рӯзҳои 2-5 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар чемпионати ҷаҳон дар намуди кёкушинкай дар вазни 30кг ширкату қувваозмоӣ намуда, бар ҳарифонаш аз давлатҳои Лаҳистон, Тунис, Озарбойҷон, Булғория дастболо шуда, аз ҳарифи қазоқистониаш шикаст хӯрда, дар байни 58 нафар довталабӣ қаҳрамонӣ ба гирифтани ҷойи сеюми, медали биринҷӣ ва Ҷоми чемпионати ҷаҳон шарафёб гардид.
Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода дар ҳузури масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот М.Назаров ва мураббиаш Пайрави Шоҳкорро барои дастовардаи арзандаи варзишӣ самимона шодбош гуфта, дар баробари ба Муҳаммад Назиров ботантана супурдани Ҷом ва медали биринҷии чемпионати ҷаҳон мураббию шогидашро бо Ифтихорномаи раиси ноҳия сарафроз гардонида, ба Муҳаммади 10-сола барои иштироки фаъолонааш дар чемпионати ҷаҳон ва баланд бардоштани ному обрӯи ноҳияву ҷумҳурӣ мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон варзишгарони 28 давлати ҷаҳон иштирок карданд.
«Субҳи Шаҳритуз»