Main menu

Гузориш аз чорабинҳои идона бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба истифода додани чархаи якумини НБО-и Роғун дар ноҳия

              IMG_3884.JPG Дар ноҳия бо ҳидояту роҳнамоии масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия омодагию баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба истифода додани чархаи якумини НБО-и Роғун дар сатҳи зарурӣ доир гардиданд. Оғоз аз 15 ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бахшида бо ин чорабинҳои бузурги умумиҷумҳуриявӣ  шиору овезаҳо насб гардида, дар саросари ноҳия корҳои ободонию созандагӣ гузаронида шуда, бо иштироки васеи шаҳрвандон бахусус ҷавонону наврасон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид.

               Аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз, шуъбаи маорифи ноҳия, бахши  фарҳанги ноҳия, бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, китобхонаи марказии ноҳия, кормадони соҳаи тандурустии ноҳия , роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  дар муассисаҳои таълимӣ бо хонандагону омӯзгорон, дар ташкилоту муассисаҳои гуногуни ноҳия бо қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯрию мулоқот, маҳфилу  машварату конференсияҳо таҳти унвонҳои  «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Истифода додани чархаи якумини НБО-и Роғун ва аҳамияти он дар рушди иқтисодӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар» гузаронида шуд.

            IMG_3892.JPGИнчунин тибқи Нақшаи чорабиниҳои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯзи 16 ноябр бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба истифода додани чархаи якумини НБО-и Роғун дар кӯчаи Исмоили Сомонии маркази ноҳия аз назди бозори марказӣ то чорроҳаи маркази савдои «Ориён» роҳпаймоӣ доир гардид. Дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, омӯзгорону табибон, ҷавонон, бонувону духтарон, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои гуногуни ноҳия, кормандони соҳаи фарҳанг ва дигар қишрҳои ҷомаеаи ноҳия бо парчаму шиорҳои гуногун бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба истифода додани чархаи якумини НБО-и Роғун, расмҳои Пешвои миллат  фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамзамон дар рафти ҳамоиши мазкур наттоқони чорабинӣ тариқи баландгӯякҳо суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро гӯшрам намуда,  дар ситоиши  кохи нури миллату давлат-НОБ-и Роғун  шеърҳо  қироат карданд.

             IMG_4039.JPG Соати 12-и рӯзи 17 ноябр бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба истифода додани чархаи якумини НБО-и Роғун дар майдони Исмоили Сомонии маркази ноҳия маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур роҳбарони ноҳия, кормандони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоти муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, раисони маҳаллаҳо, омӯзгорону табибон, ҷавонон ва аҳли ҷомеаи ноҳия ширкат варзиданд.

           

  Дар ҳамоиш нахуст раиси  ноҳия Оймаҳмадзода Рамазон Алихон бо   Паёми табрикӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба IMG_4129.JPGистифода додани чархаи якумини НБО-и Роғун баромад карда, зимни ироаи Паём аз хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи саросарии кишвар, ваҳдати милллӣ, ривоҷи корҳои бунёдкоронаю ободгарона ва оғози фаъолияти  Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ин Кохи нур ояндаи дурахшони Тоҷикистон  ва омили пешрафту тараққии босуръати ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мебошад..

            Дар чорабинии бошукуҳи идона инчунин муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Давлатзода, сардори раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Д.Исозода баромад намуда, иштирокчиёни ҳамоиш ва сокинони ноҳияро бо таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба истифода додани чархаи якумини НБО-и Роғун самимона шодбош гуфта, барояшон  тансиҳатию хонаободӣ ва барору комёбиҳои беназир орзу намуданд.

            Сипас аҳли ҳунари ноҳия бо барномаи рангини консертӣ  ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшида, табъи ҳамагонро болида гардониданд.

IMG_4030.JPG     IMG_3991.JPG

«Субҳи Шаҳритуз»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз