Main menu

Қадршиносии раиси ноҳия

          Дар ноҳия дар баробари намудҳои гуногуни варзиш ба соҳаи футбол низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Бо иқдому мусоидати  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия бахусус раиси  ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон 4 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуда тибқи нақша то охири сол дар ҳудуди ноҳия ду майдончаи варзишии дигар  ба истифода дода мешавад.

          Соли ҷорӣ дар ноҳия қатори дастаи  футболи «Чашма» дастаҳои футболи наврасони 15-сола  ва 17-сола низ фаъолият намуда, дар  миқёси вилояту ҷумҳурӣ дар   ҷамъбасти мавсими имсолаи футбол ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Дар деҳаҳо ва миқёси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ соҳаи футбол ба таври чашмрас рушд намуда, садҳо нафар наврасону ҷавонони ноҳия  ба ин намуди варзиш пайвастанд.

          Заҳмату ғамхориҳои рӯзафзуни раиси ноҳияи Шаҳритуз муҳтарам Р.Оймаҳмадзодаро дар рушди  соҳаи футболи ноҳия роҳбарияти Федератсияи футболи вилояти Хатлон қадрдонӣ намуда, ӯро бо Сипосномаи  раиси ФФТ –и Хатлон сарфароз намуданд. Дар «Сипоснома аз ҷумла чунин навишта шудааст: «ФФХатлон -Сипоснома -Сарфароз гардонида мешавад Оймаҳмадзода Рамазон Алихон барои ҳамкории судманд ва мусоидат намудану саҳми арзанда дар рушду инкишофи  футболи Тоҷикистон. Раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон И.Шарипов».

«Субҳи Шаҳритуз»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз