- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!
Душ, 11/26/2018 - 13:43
Субҳи 24 ноябр бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Исмрили Сомонии маркази ноҳия бо иштроки ҳамаи қишрҳои ҷомеаи ноҳия роҳпаймоӣ доир гардид. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, омӯзгорону табибон, ҷавонон, донишҷуён ва даҳҳо нафар хурду бузурги ноҳия бо расмҳои Пешвои миллат, парчами давлатӣ ва шиору овезаҳо бо табъи болида ва шукргузорӣ аз бахту саодати насиб гардидаашон аз назди бозори марказӣ ҷониби Маркази савдои Ориён роҳ пеш гирифтанд.
Дар майдони Исмоили Сомонии маркази ноҳия бахшида ба бисту панҷумин солгарди ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ботантана баргузор гардид. Дар ин чорбинии бошукуҳ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамотҳои шаҳраку деҳот, масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва аҳли ҷомеаи ноҳия ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия Оймаҳмадзода Рамазон Алихон бо Паёми табрикӣ баромад карда, иштирокчиёни ҳамоиш ва дар шахси онҳо ҳамаи сокинони ноҳияи бостонии Шаҳритузро бо таҷлили 25-умин солгарди ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадомашон саломативу хушбахтӣ ва хонаи ободу рӯзгори осуда орзу намуд. Ҳамзамон аз ҷониби раиси ноҳия ба якчанд нафар кӯдакони маъюб туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд,ки аз ҷониби эшон бо сипосгузорию хушҳолӣ пазируфта шуд.
Сипас кормандони соҳаи фарҳанг, ҷавонон ва варзишгарони ноҳия дар васфи парчам суруду таронаҳо хонда, саҳнаҳои фарҳангии ҷолиб пешкаш намуданд.
“Субҳи Шаҳритуз”