Main menu

Вой бар ҳоли беватан!

          Ин мулки озоду обод эҳтиёҷоде надорад, ки касе аз берун ба он панди худшиносиву озодандешӣ диҳад, аз он лиҳоз, ки ин миллати тамаддунофар ҷаҳониёнро бо ҳикматҳои накўи худ ба ин дараҷаи накуаҳволиву фарҳангу рушд оварда расонидааст.

           Сад афсўс, ки  баъзе аз зодагони ин диёр ба мисоли Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ў аз обу ҳавои ин кишвари биҳиштосо нўшидаву нафас гирифта, неъмати онро чашида, чун як Инсон ташаккул ёфтаанд, имрўз ба нишондод ва дастури  душманони ин диёре, ки ҳаваси ҳамагонро  ба ваҷд овардааст ва мехоҳанд, ки мардумонашонро хидмадгору сарваташонро аз худ намоянд, соҳиби  худ ҳисобида ба намакдони худ хок мерезанд.

         Андешаҳои дарҷгардида ба он зодагони Тоҷикистони азиз, ки аз берун ба сўи  Модари худ санг меандозанд ва худро ҳамчун ҲНИ « Ҳақиқатҷўй», «Демократ» ва «Ростқавл» дар ҷаҳон муаррифӣ намуда,  дар даст  теғ,  нишон  синаи ҳамқавлони  худ ҳастанд.

          Онҳо намедонанд, ки имрўз мардуми ин мулки озодандеш қадри одаму одамгарӣ, меҳру шавқат нисбат ба башар, ҳамеша дар қалб ҷо кардаанд,ва ҳеҷ гоҳ ба иғвои ҳар нафари  ҳарзагўй гўш намедиҳанд!

          Эй хоини Ватан, хоҳ аз аврупо, хоҳ аз кайҳон, ҳазор садо диҳӣ,  ки мардуми ин диёр яктану якҷонанд ва садои ту ба гўши онҳо нахоҳад  расид!

 Забонро карда неш, ба хато ту меравӣ,

Бифрўхта ақли хеш ба куҷо ту меравӣ?

Ба савдо мондаи ту хоки бобои,

Шарики риёӣ, ба риё ту меравӣ!

Мудири шуъбаи маориф

 Очилдиев К.М.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз