Main menu

Ифтитоҳи ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ

Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object in _weather_parse_forecast() (line 219 of /var/www/shahrituztj/data/www/shahrituz.tj/sites/all/modules/weather/weather_parser.inc).
  • Warning: Invalid argument supplied for foreach() in _weather_parse_forecast() (line 219 of /var/www/shahrituztj/data/www/shahrituz.tj/sites/all/modules/weather/weather_parser.inc).

         Ба наздикӣ  дар назди шуъбаи кӯдаконаи  Беморхонаи марказии  ноҳияи Шаҳритуз   бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Олимзода  бо мақсади дар амал табиқ намудани  банди 7-и нақша- чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV)барои солҳои 2017-2019» ду ҳуҷраи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила    омодаю барои истифода қарор дода шуд.  Ҳуҷраҳои мазкур  бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ аз он ҷумла телевизор, яхдон, кондитсионер, системаи гармидиҳӣ, ҷойҳои хоби модару кӯдак, рахти хоб, бозичаҳо, шифонер, зарфҳо барои чойнӯшию хӯрокхӯрӣ, гилему курпачаҳо ва ғайра таъмин шудааст.

IMG_8805.JPGIMG_8808_0.JPGIMG_8806.JPG

      Дар маросими ботантана кушода шудани  ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила  дар назди шуъбаи кӯдаконаи  Беморхонаи марказии  ноҳия директори филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Елена Максименко аз Ҷумҳурии Модавия, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунира Ахмедова, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, раиси ноҳия Оймаҳмадзода Рамазон Алихон ва муовини раиси ноҳия Меҳринисо Раҷабзода ширкат варзиданд.

“Субҳи Шаҳритуз”

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз