Main menu

Татбиқи Барнома оиди рушди футбол

         Директори муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия Ҷамшед Ғуломов  дар моҳи декабри соли ҷорӣ зимни баромадаш дар яке аз ҷаласаҳои  назоратии  назди раиси ноҳия оид ба рафти қарори раиси ноҳия аз 17 октябри соли 2017, №633 «Дар бораи Барномаи рушди футбол дар вилояти Хатлон  барои солҳои 2017-2021 дар ноҳияи Шаҳритуз» ҳисобот ироа кард.  Раиси ноҳия дар навбати худ фаъолияти муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияро қаноатбахш ҳисобида, ҳамзамон аз роҳбари номбурда  оиди қисман иҷро гардидани баъзе бандҳои Барномаи мазкур эроди ҷиддӣ гирифт. Раиси ноҳия дар қатори Ҷ.Ғуломов  инчунин  аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия тақозо намуд, ки  баҳри дар оянда ташкил намудани дастаи футбол, ба низому тартиб даровардани  майдонҳои футболбозӣ дар ҷамоатҳо ва дуруст татбиқ намудани бандҳои Барнома тадбирҳои зарурӣ андешанд.

«Субҳи Шаҳритуз»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз