Main menu

Семинар барои картошкапарварони ноҳия

          Рӯзи 14 декабри соли ҷорӣ бо ибтикори  Раёсати кишоварзии ноҳия ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз дар хоҷагиҳои деҳқонии «Абдулл оҷон Норакзода» -и ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов, «Асатулло Б.»-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров ва хоҷагии деҳқонии «Самандар»-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов «Оиди технологияи кишти барвақтии картошка дар ноҳия» семинари омӯзишӣ  баргузор гардид. Дар чорабиниҳои зикршуда раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода, муовини ааввали раиси ноҳия Д.Нишонзода,намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон А.Усмонов, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарону мутахассисони Раёсати кишоварзии ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони маҳаллаҳо иштирок намуданд.

           Дар назди иштирокчиёни  семинарии машваратӣ раиси ноҳия  Оймаҳмадзода Рамазон Алихон ва сарагрономи Раёсати кишоварзии ноҳия Тоҷимурод Раҳматов баромад карда, доир ба технологияи кишти барвақтии картошка ва роҳу усулҳои  паваришу нигоҳубини зироати мазкур дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

          Қайд гардид, ки кишти тирамоҳии картошкаро дар водиҳои Вахшу Кӯлоб ва Ҳисор дар моҳҳои ноябру декабр мегузаронанд. Раванди кишти тирамоҳии картошкаи барвақтӣ аз интихоби замин, нуриандозии он, шудгору коркарди замин, ҷӯяккашӣ ва кишти тухмӣ иборат аст. Барои кишт истифодаи қитъаи киштгардоншуда, таркиби механикии хокаш сабук, обҳои зеризаминияш на кам аз 50-60 см паст, офтобрас ва каме обдав мувофиқ аст.

            Натиҷаи тадқиқотҳои илмӣ нишон доданд, ки барои истеҳсоли 300 с/га картошка ба як гектар замини кишт ба ҳисоби миёна 30т пору, 120кг нитроген, 140 кг фосфор ва 160 кг калий (дар шакли моддаи таъсиркунанда) андохтан лозим аст. Заминро баъди нурандозӣ шудгори чуқур(на камтар аз 28-30см)ва бо фреза ё чизелу мола коркард мекунанд.Хатаку ҷӯякҳоро дар фосилаи 70 см аз якдигар ба тарафи нишебтари қитъа мекашанд. Теғаи хатакҳо аз таги ҷӯякҳо бояд 16-18 см баланд бошад.

        IMG_8755_0.JPG Сарагрономи Раёсати кишоварзии ноҳия  зимни баромадаш таъкид намуд, пеш аз кишт лундаҳои тухмӣ ба ду гуруҳ 30-44г ва 50-60г ҷудо карда мешаванд. Лундаҳои гуруҳи якумро дар хатакҳо дар фосилаи 18-20см ва гуруҳи дуюмро дар фосилаи 25-28см мешинонанд. Чуқурии кишти тирамоҳӣ 16-18 см ва баҳорӣ 8-10 см ташкил намоянд.Баъди кишт ба рӯи хатакҳо пошидани пору ба миқдори 7-10 т/га лундаҳоро аз шароити номусоиди обу ҳаво нигоҳ медоранд. Дар қитъаҳои  хурд барои аз хунукиҳои ногаҳонии баҳрӣ муҳофизат намудани кишти картошка  рӯйпӯш намудани киштзор бо плёнкаи сӯрохдор мувофиқи мақсад аст.

         Дар хоҷагиҳои деҳқонии «Абдуллоҷон Норакзода» -и ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов, «Асатулло Б.»-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров ва хоҷагии деҳқонии «Самандар»-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов сарагроном Т.Раҳматов  ва дигар шахсони мутасаддӣ тарзи коридани лундаҳои тухми картошкаро амалан  нишон дода, ба саволҳои иштирокчиёни семинарҳои баргузор гардида посухҳои мушаххас ироа карданд.

“Субҳи Шаҳритуз”

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз