Main menu

ТЕРРОРИСТ ВА ЭКСТРЕМИСТ ЯК СИМО ДОРАД.

           Дар замони ҳозира даҳшати терроризм ва ифротгарои тамоми ҷомеаи  ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин равандҳои номатлуб ба тамоми аҳли  бешар зарари бади худро мерасонад.  Агар одамони аз ҳозир нисбати ин зуҳуроти номатлуб мубориза набаранд, фардо дер мешавад. Экстремизм аз калимаи франссавии «extemusmt» ва лотини  “extremus” гирифта шуда, маънои луғавиаш  ифротгарои , тундрав , ҷудоихоҳиро ифода менамояд. Аз сарчашмаҳои таърихи ҳазорсолаҳо, маълум мебошад , ки ягон дину мазҳаб якравӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷангу ҷидолро тарафдор  нестанду набуданд.Хусусан дар охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми  асри гузашта дар тамоми Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ раванди сиёсишавии ислом ва исломшавии сиёсат оғоз ёфт. Ифротгароён дину мазҳаби ислом ва ҳанафиро барои худ ҳамчун  сипар  истифода бурда, ба амалҳои бад даст мезананд. Мисоли равшани чунин созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии динии Тоҷикистон бегона ва хатаронок Хизби таҳрир ва Салафия мебошад, ки дар даҳсолаҳои нахустини замони истиқлолият ба ҳар роҳу восита дохили кишвари мо шуданд ва набзи ҳаёти диниву сиёсии ватанамонро халалдор кард

          Экстремизм дар навъҳо ва шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Ифротгарои решаи  хеле чуқур дошта , он ҳудуд ва ё дину миллат надорад.

         Терроризм низ дар таърихи  инсоният ҳодисаи нав набуда , аз замонҳои кадим ба усули қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯри, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезананд. Террористон барои тарсонидани аҳли ҷомеа ва барои ба даст овардани ҳокимият даст ба куштори одамони бегуноҳ мезананд. Дар замони ҳозира шумораи аниқи гуруҳҳо ё ташкилоти террористиро муайён намудан номумкин аст.Зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуданд, ки мақсадҳо ва фаъолияту амалашонро махфӣ медоранд. Шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ рӯз аз рӯз меафзоянд.Терроризм махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи инкишофи ҷомеаи ороми инсоният гардидааст. Бахусус Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи нафратангези ҷомеа  бетараф намебошад. Воқеан таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом  таҳдид намуда истодааст. Зеро имрӯз дини мубини ислом аз ҷониби баъзе гуруҳҳо дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили низоъ ва муноқишаҳо истифода шуда истодааст. Мо бояд аз ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб худамонро ҳифз намоем.

         Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ арзи  ҳастӣ доранд, ки  ба мақсади амали сохтани амали нопокашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ,аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳ ёфта, ба вайрон кардани фазои динию мазҳабии мо кушиш доранд. Махсусан ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба маҷлиси  Олӣ иброз доштанд , ки масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву  ифротгароӣ  қарзи инсонӣ ва  виҷдонии ҳар як шахси ватандусту худогоҳ мебошад.       

 Исоқов М.   Муовини  директор оид ба тарбия

  М.Т.М.У №31              

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз