Main menu

Тоҷикистон кишвари биҳиштосо

             Ватан маконест, ки Модар ҳар  яки моро дар он ба дунё овардааст! Ватан ҷоест, ки мо аз боду ҳавояш нафаси зиндагӣ кашидаем, аз замини камзаминаш ғизо гирифтаем!

            Чунин як Ватани биҳиштосоро бо кўҳҳои осмонбўсаш, бо обҳои шаффофаш, бо мардуми осудааш, ки таҳти  роҳбарии фарзанди барўмандааш Эмомалӣ Раҳмон сўи қуллаҳои баланд мешитофт, Кабириву пайравони  аҳриманхислаташ хостанд солҳои 90-уми қарни гузашта бо роҳи суханҳои пардапўш, бо ҳиллаву найранг ба вартаи нестӣ расониданӣ  буданд.

             Кабирӣ ва думравонаш имрўз низ ба ҷузъ дурўғгўиву тўҳмат бар зидди Ҳукумати имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангомаву валвала, чизи дигаре гуфтаву карда наметавонанд. Аз номи  шахсони номаълум тариқи расонаҳои интернетӣ хабарҳои беасосро паҳн мекунанд.

             Имрўз мардуми тоҷику тоҷикистонӣ Модари Ватани хешро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунанд.

            Мардуми Тоҷикистон ба сиёсати боақлонаю орифонаи Пешвои миллат арҷ гузашта, ба гуфтаҳои бардурўғ, бахусус ба гуфтаҳои аҳриманонаи Кабирӣ ва пайравонаш бовар надоранд.

           Дар даврони Итсиқлолият мардуми кишвар пайи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ба дастовардҳои чашмрас ноил гаштанд.

          Яке аз чунин дастоварди бузург ба кор  даровардани чархаи аввали  НБО-и «Роғун» аст, ки бо хизаматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дошта миллату меҳанро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

         Аз ин хабари  тозаву наввин сўзиши “Пушт”-и  наҳзатиҳо бошиддаттар гашт.

         Кабирӣ дар макони бегона ҳар рўз гўё бо дасти чап  аз хоб мехезад ва фикри бо кадом васила холӣ кардани дурўғхалтаи худро ба атрофиёнаш  мекунад. Ў бо ин дасисабозию  дуруғгўиҳояш ҳеҷ хоҳони ободу пешравии Ватане, ки ўро дар огўши худ ба воя  расонидааст, нест.

        Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари манбаи обҳои тоза, боду ҳавои форам, макони ҳазору як гулу гиёҳи давоӣ, манзараҳои афсонавии дилкашу рўҳбахш буда, дар ҳақиқат кишвари баҳиштосост.

        Пас, биёед чунин кишварро, нагузорем нохалафе кишвари вайрона созад!.

Ақмирзоев Ҳ. Директори МТМУ №27                      

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз