Main menu

Натиҷаҳои солонаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия

       Дар санаи 7 январи  соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия, муовиннҳои раиси ноҳия, масъулони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ,  раисони маҳаллаҳо, имомони масҷидҳои панҷвақтаю ҷомеъ, роҳбарони ташкилоти ҷамъиятӣ, роҳбарони бонкҳои қаламрави ноҳия ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи ноҳия  ҷаласа «Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз дар 12 моҳи  соли 2018 ва вазифаҳо дар соли 2019» баргузор гардид.

       Пас аз ифтитоҳи ҷаласа аз ҷониби раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон  муовини аввали раиси ноҳия Д.Нишонзода дар назди ҳозирон бо ҳисобот баромад кард.Ӯ фаъолияти 12- моҳаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, доир ба бурду бохти ҳар як соҳа маълумоти  мушахаас ироа кард. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар соли 2018 ҳаҷми умумии даромади ноҳия 100,6 фоиз таъмин гардида, бо заҳмати пайвастаи меҳнаткашони ноҳия  нақшаи солонаи аксар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳмя пурраю барзиёд таъмин гардид. Дар соли 2018 дар соҳаи кишоварзӣ 5 Лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардида, ҳамзамон дар соли сипарӣ гардида  маблағгузорӣ ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ мутаносибан 2-1,2 баробар афзудааст.

      IMG_0127.JPG Дар ҳисоботи   ироа кардаи муовини    аввали   раиси ноҳия дар радифи комёбию дастовардҳо ба камбудию норасоиҳои ҷойдоштаии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия  таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.Чунончи қайд гардид, ки барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳи зироатҳои гуногун беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар мадди аввал меистад. Ҳамзамон дар ибтидои соли 2018 дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия сохтмони 5 адад корхонаи хурди истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда бошад ҳам то анҷоми сол сохтмони ягонтои онҳо оғоз нагардидааст. Д.Нишонзода аз он изҳори таассуф намуд, ки дар соли сипаригардида аз ноҳияи Шаҳритуз 13 нафар шаҳрвандон ба гуруҳҳои ифротӣ шомил гардида, 2 нафар сокини дигари ноҳия дар хориҷи кишвар бо таҳсили ғайрирасмии динӣ фаро гирифта шудаанд. Вобаста ба ҷой доштани  чунин падидаҳои номатлуб дар ноҳия корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ суст ба роҳ монда шудааст. Дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, соҳибкорӣ ва ғайра низ камбудиҳо зикр гардида, ба масъулон барои бартараф кардани норасоию камбудиҳо тавсия, маслиҳат ва дастурҳои зарурӣ дода шуд.

      IMG_0142.JPG Сипас дар робита  ба  муҳтавои ҳисоботи мазкур ва камбудию нуқсонҳою масъалаҳои ҳалталаби   дар соҳаҳои гуногун  ҷой дошта раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода аз раисони шаҳраку деҳот, масъулону намояндагони соҳаҳои  иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, инчунин сардори Идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрии  ноҳияи Шаҳритуз А.Урунов, сардори нозироти андози ноҳия З.Қодиров, мудири шуъбаи маорифи ноҳия К..Очилдиев, сардори Агентии омори ноҳия Ф.Султонова, сардори раёсати кишоварзии ноҳия О.Қодиров ва дигар шахсони масъул пурсишҳо намуда, ба  онҳо барои дар кутоҳтарин муҳлат бартарафу рафъ намудани камбудиҳояшон  дастуру супоришҳои мушаххас дод.

       Дар охир бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти  ироагардида қарори дахлдор қабул карда шуд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз